Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тобутатро бар хоки нарм мегузоранд, Лоиқ! Рўйи хоке, ки аз лаҳади гўри ту баровардаанд ва ҷанозаатро бар ивази он хок бояд дар гўр ниҳанд. «Аз хок бурун омада, бар хок шуда.»
Оқибати ҳама такопўҳо чунин. Инро ҳама мебинанд, медонанд, мешунаванд, мегўянд, вале ба касе панд намешавад. Як лаҳза худованд ба дили инсон раҳм ҷой мекунад; то мурдаро ба хок супоридан андеша мекунанд, вале чун аз сари манзил дур шуданд, Аҳмади поринаву савдогари Кармина мегарданд. Лоиқ, бубахш!
Шайтонийи инсон шайтонийи бузро монад, ки дар ҷое барги сабзро бинад, ҳазор бор ба шохаш заниву аз он роҳ гардонӣ, чун чашм хато кунад, сўйи барги сабз тозад.
Қоришариф ба айвони гўр фаромад. «Эй ако! Эй ако! Ман зарурате дорам! Медонам ин қарзи бародарийи шумост, вале ман низ қарздорам! Воми ман гаронтар: дар назди Лоиқ, дар назди таърих, дар назди қавм, дар назди миллат. Охир ў маро сипари хеш номида буд. Чун шавад? Чун шавад, агар ў бе ман ба гўр равад!? Ако, акоҷон! Ҳамон шарм, ҳамон ҳаё, ҳамон шикастанафсӣ, ҳамон фурўтанӣ, андеша, ор, номус ҳоло аз ман нарафтааст ва дар ин ҷо низ талош карда наметавонам. Бояд шумо нияти маро пай баред! Ҷоятонро ба ман диҳед, ман бояд ба лаҳад дароям, ман бояд зери сари сахти ў, вале дар назди миллату халқ баланди ў, як пора кулўхи сахту дуруштро гузорам, камарчайи сарбандашро кушода рўяшро боз кунам ва гўям, ки нигар, олами рўшан ин ҷост... Ва баъд... ва баъд...
Ако! Акоҷон! Аз баройи худо, аз баройи савоб... Шумо истед дар айвон, ман дароям ба лаҳад! Ако! Ако! Ман ин ҳарфро баланд гуфта наметавонам. Мардуми ноогоҳ механданд ба ман. Номамро мебароранд ба девонагӣ; ба худнамойӣ, ба шўҳрат... Аз ин рў баланд садо карда наметавонам, танҳо ба шумо мегўям, ки қиссаҳойи бародарийи моро медонед. Медонед, ки мо чун ба якдигар дар ҳолатҳое саҷда мекардем. Инро бори аввал мегўям...
Эй Қоришариф! Эй акойи ҷон! Нафароед ба лаҳад! Ин вазифайи ман аст! Охир ман бояд он ҷо бошам. Шумо нозҳойи ўро бардошта наметавонед. Шумо ниёзҳойи ўро намедонед. Зеро Лоиқ аз шумо ибо мекард, ҳама чизро намегуфт, розу ниёзашро дар худ медошт, зеро шуморо бародар-падар медонист, эҳтироматонро аз ҳама болотар мегузошт ва хаёл мекард, ки баъзе корҳову рафторҳойи ўро намеписандед, коҳиш медиҳед, андарз мегўед, аз ин рў худдорӣ мекард, шуморо ташвиш намедод.
Арзандатар шумоед, ки он ҷо дароед. Лекин ман муроди дигар дорам. Мехоҳам он ҷо бошам. Ҳамроҳи ў монам. Даричайи лаҳаду айвонро чим зананд, мо аз ҳама ҷудо шавем ва он чизҳое, ки бояд мегуфтему гуфта натавонистем, бояд бигўем. Охир мо дар ин умри кўтоҳ ду тариқи давлатдорӣ ва ду «озодӣ»-ро дидем, бояд дидаву шунидаҳоро бигўем; Лоиқ кам-кам гуфтанӣ буд, умр бақо накард, мани танҳо ин борро кашида наметавонам, мо бояд дар он ҷо гўем.
Чунки дар он ҷо каси гўш мекардагӣ, суханчинҳойи миёнарав нестанд... Танҳо қаҳрамонийи «имоми ду тараф» сазовори достонҳост. Лоиқ сулҳ овардани ононро табрик карда тавонист, вале хидмати беназирашон дар адабиёт ногуфта...
Сабр кунед, ако!»
Вале ако сабр накарданд. Ҷуз худову Лоиқ касе садойи маро нашунид. Ако пойҳойи суфпечи бародарро дошта ба даруни лаҳад кашиданд. Ҷамшеду Афзалшо дар айвон мурдаро рўйи даст медоранд, Шакарбеку Садриддин аз ду тараф дошта, майитро сўйи лаҳад майл медиҳанд. Ман чашмонамро пўшидам. «Пўшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман...»
Як садо омад: «Шоирро ба хок медиҳанд, мардум!» Садойи Гулназарро мемонд. Шояд ў низ андешаҳое дошт мисли андешаҳойи ман. Ва шояд ҷуръае ҷуръатафзо хўрда буд, ки садо бароварда тавонист: «Ман бояд он ҷо бошам, ба ҷойи Лоиқ!»

«Нўшед ба ёди хотири хастаи ман,
Холӣ накунед ҷои биншастаи ман.
Андар сари гўри ман гузоред чу лавҳ
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман.»

Дигар садойи ман суде надорад, ашкам хокро тар мекунад.
Ў мурд, ман зинда мондам.
Ў зиндайи ҷовид гашт, ман мурда шудам.

пешина
аз 428