Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Табиб аз ором истодани ў ба ғазаб омада ба канори ҳавлӣ давид ва табарро аз назди дари ҳезумхона гирифта омад ва бо ҳамон шасте, ки тохт, ба сари бемор бардошт. Ҷаҳоноро фарёд зад; бемор тоб наоварда беихтиёр парида хест ва бо дасти фалаҷ банди табари табибро дошт. Кашида гирифт ва аз паси ў таъқиб кард.
Ромиз бо шасте ки гурехт, бедор шуд, дилаш сахт-сахт мезад, вале надонист, ки чунин хоб чӣ маънӣ дорад. Ними шаб буд. Ромиз ҳушёр шуд. паҳлў гашт, андеша дошт. Таъбир ҷуст. Дарнаёфт. «Ё бо Ҷаҳоноро коре шуд ё касе моро ҳамроҳ дида, ба шўяш расонд»
хаёл дошт ў, аммо надонист, ки зани паҳлўяш бедор аст. Ромиз оҳ кашид.
— Чӣ гап, Ромиз? – наҷунбида пурсид Саида.
— Хоб дидам, хоби бад ва ё хуб, надонам. Ман дар хобам табиб шудам, Саида, касеро куштанӣ шудам, аммо ў сиҳат шуда аз паси ман таъқиб кард.
— Хоби нағз, Ромиз, бемори барҷомонда ба пои худ равон шудааст, ин хуб аст.
Ромиз чизе нагуфт. Пеши назари ў қиёфаи зебои Ҷаҳоноро омад: ними рўи ў, ки ҳангоми дар сари болини бемор хам шуданаш дид. Сабзинаранг, пўсти рўяш таранг. Зираи нуқрагуни гарданаш бо ранги сиёҳҷурдаи ў ҷанг дошт. Чунон зебида, ки аз нигоҳ кардан сер нашуд. Бинии хурд, чашмони сиёҳ ва абрўвони сиёҳи сиёҳаш, ки миёни ҳар яке оринҷак дошт, сурати завҷаи хурди Тўқсаборо ёд овард. Ромиз ин нодиракориҳои табиатро дида, ҳама чизро фаромўш кард. Ҳолиё андеша дорад, ки ғуломи ҳусни модароварди ў шавад... Вале Саида... Саида аз занҳои рисолавӣ камӣ надорад; Ҷаҳоноро санъат аст – гўё барои тамоми наслҳо, барои тамошои имрўзу оянда. Лекин ҳамин чизро худи Ҷаҳоноро рад кунад, ў худро барои санъату тамошо на, барои зиндагӣ донад, модар будан хоҳад; модари ҳақиқӣ. Миёни мижгонаш ду сурати зебо сурати Саидаю Ҷаҳоноро Ромизро хоб бурд...

14

Мумфаршу сементу бетонҳо ҳама тафсои аз офтоб қарз гирифтаро бозпас ба фазо доданд. Муми роҳҳо мулоим шуда, ҷо-ҷо чин пайдо карда буд. Бо вуҷуди боғшаҳр буданаш ва рўд доштан дар фазои Душанбе нафаси гарми мавҷосои ҳаво дар ҳаракат буд.
Дами касро мегардонд. Тан арақ карда, либос тар мешуд. Як чангу гарди хокистарранг ба сару рўй менишаст ва кас пешонаи ҳамин пагоҳ тоза шустаашро молад, навола бармехост. Гарм. Дар ҳақиқат гарм. Дар қиёми рўз чунон гармсере шавад, ки ҳатто рўи роҳ мисли сароб ҳаракат кардани онро кас бинад. Ромиз арақшор ба театр даромад. Гармо як тараф, боз аз шарм ҳам арақрез буд.

пешина
аз 428
навбатӣ