Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

кор кунӣ, ҳунар омўхтан лозим буд, на санъат... Устои мошин шудан лозим буд ва ё... хайр, баъд чӣ? Чаҳор мошиндор туро мешинохту халос...»
— Муборак шавад ба театр баргаштан! – садо омад аз пас.
Ромиз баргашта Ҷаҳонороро дид ва табассум карда гуфт:
— Чӣ мазоқе!
— Чи хел ба ман расонданд, ки шумо ду рўз боз дар театр.
— Барои чӣ маҳз ба шумо?
— Нн... Ба ман не, ба ҳама гуфтанд, ман ҳам шунидам, – гапро гум кард Ҷаҳоноро.
— Ба ҳама? Ба тамоми мактаб?
Чизе гуфта натавонист Ҷаҳоноро ва рост ба чашмони Ромиз нигарист. Ромиз гумон кард, ки нигоҳаш ўро сўзонд ва барои он ки ўро аз хиҷолат барорад, «Барои ҳуҷҷатҳоям рафта будам» гуфт.
— Ман гумон кардам, ки дар ҳақиқат ба театр баргаштед.
Агар барнагашта бошед, бояд баргардед...
— Шумо чунин фармоед?
— Бе фармудани ман ҳам худатон бояд... Шумо медонед, ки муаллимони мактабҳои миёнаю ибтидоӣ – аспирант, шумо, ки маълумоти олии театрӣ доред...
— Яъне шумо ҳам?..
— Ман тамом кардам...
«Ромиз!» аз пас садои шиносе омад. Ромиз баргаштан Соҳибро дид. «Бубахшед» аз Ҷаҳоноро узр хост Ромиз.
— Марҳамат, – гуфта Ҷаҳоноро аз роҳи калон ҷониби дарвоза уреб шуд.
Ромиз хост Соҳибро сарзаниш кунад, нафаҳмонда ягон чизро баҳона карда сарзаниш кунад. Сухани Соҳиб сари забони ўро гирифт.
— Чанд рўз аст, ки туро меҷўям, Ромиз.
— Хўш? – алағдагиашро бо ҳамин сухан ифода кард Ромиз.
— Саррежиссёри телевизионро аз кор озод кардаанд...
15
Ду рўз аз байн гузашт. Ромиз боз Соҳибро дид. Аз гуфтаҳои Соҳиб аён шуд, ки ҳама чизро гуфтаю фаҳмонидааст; ҳаю не ба Ромиз вобаста: «Ҳуҷҷатҳоятро бигир!»
Ромиз донист, ки Соҳиб ўро ба назди кӣ овард. Ин мардро дар бўрёкўбони хонаи ў дида буд, вале он қадар эътибор надода буд.
Зеро ин марди гавдакалони суфрагўши пуррарўй, ки мўи равғанӣ аз болои гўши чап ба тори сар гардонида то болои гўши рост овардааст, дар хонаи Соҳиб «лом» нагуфта буд. Ҳоло баробари аз дари кабинет сар даровардани Ромиз ба ҷои алеки салом «Ҳа-а, рафиқи мубориз!» гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё