Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Туфлии ў низ нам кашида, сари китфон ва болои мўи сараш як парда тар шудааст...
...Ва чунин тарию тозагӣ дар бинои боҳашамат ва шарқиёнасохт, ки дар шаҳр башуморанд, низ мушоҳида шавад. Ў назди бино бозистод. Дилаш таҳ рафт. Баҳасрат нигарист, чунон нигарист, ки ин қасри азими бобоиро ба ягон сарватманде фурўхта, ҳолиё пушаймон гашта бошад. Қомати баландашро боз ҳам болотар дошта, бодиққат нигарист ва гўё аввалин бор дид, ки ин қаср кунгурадор ва тирезаҳояш меҳробшакл. Дарк кард, ки ин қасри азимро арзон «фурўхтааст», хеле арзон: аз барои гапи одамон, вагарна дар миён гапе нашуда буд. Умедгоҳаш буд, лонааш буд, машқгоҳу қасри орзуяш буд, барои чӣ чунин рафтор кард, худаш ҳайрон. Сар афшонд, ки дурусттар бинад: шояд хизмати борон бошад, ки онро шуста, тоза ва ин қадар арўс барин дилбар, зебо ва ҷолибу ҷозиб кардааст. «Наход ин бино чунин зебо буд? Шояд таъмир карда орою торо дода бошанд?» аз дил гузаронд ў. Баъд ягон гап, моҷаро, симо ё қиёфае пеши назараш омад, ки якбора рў гардонд ва тез-тез қадам зад. Вале чунин гашт барои Ромиз бегона буд; оҳиста ва ботамкин гардад ў.
Ромиз ҷавонмарди қоматбаланд, даҳони калон ва дандонҳои реза дорад, ҷоғҳояш барҷаста, фонаҳои рўяш баромада, рухонаш фурўрафтаи камгўшт, биниаш теғадор. Қаҳрамонҳои филмҳои «Граф Монтекристо» ва «Се найзавар» барин. Барои ҳамин гаш ти ботамкин омўхта, қомат рост дошта, дар кўчаҳо якка-якка қадам занад. Дар ҳавои сард кулоҳи хурдлапарро каҷ монда, дастонашро пушти бар карда, танҳо гардад. Ҳама вақт фикру хаёл карда гардад. «Ин қадар фикру хаёл накун, тез пир шавӣ». «Ҳеҷ кор ки карда натавонӣ, ақаллан фикр бикун» ҷавоб гардонад ў ва гузашта равад. Агар каси рў ба рў хуш ояд, боздошта чунон гап занад, ки гузаштани соатҳоро нафаҳмад. Аммо вақтҳои охир чунин одатро ҳам тарк кардааст. Касеро боздошта ба гап нагирад; ба шиносҳои наздик аз дур салом дода, даст боло карда ва ё аз рўи одат кулоҳашро аз сар гирифта гузарад. Шояд сабаб «гуноҳ» ё рафтораш бошад; шояд аз ин хусус напурсанд гуфта, аз онҳо ибо кунад. Одамгурезро монад.
Паҳлўи театр гузашт, дер истод. Истоданаш барои чӣ буд, худ надонад. Шояд аз он бошад, ки имшаб дар театр «Гунаҳгорони бегуноҳ»-ро намоиш медоданд, тамошобинон аз театр баромада Ромиз – Незнамов куҷо бошад, гуфта пурсанд, то шунавад; шояд барои он истода бошад, ки Хуршед аз театр баромада ўро дидан хоста хонааш равад. Ба ҳар ҳол, худаш набошад ҳам, дилаш касе ё чизеро нигарон ва ё ягон фикри ғайбӣ дар дилаш андохта, ки ин ҷо биистад, хостаашро ёбад... На. Фикри ноҷо. Вай набояд дар назди театр истад. Рафту касе аз бадхоҳонаш бинад, «аз карда пушаймон, дигар кор наёфта, гашта омадааст» гўяд.

пешина
аз 428
навбатӣ