Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фақат бо чунин андеша ў бошитоб аз назди театр рафт. Тез рафт. Азм дошт, ки бо ҳамин шасти рафтааш ба хона даромада кўрпаро ба сар кашида чунон хоб равад, ки касе бедораш накунад, хуш ва нияти ба ин наздикиҳо хестанро надорад.
Ва гулгаштро гузашт. Бўи баҳорро шамид: ин бўи сабзаю баргҳои тар ва нафаси ботаровати дарахтон буд. Ромиз гумон дошт беҳтар аз ин гулгашт ҷое нест. Шояд аз ин сабаб бошад, ки панҷ сол боз байни ин гулгаштро гузарад, урёну барфпўш ва сабзу хуррам буданашро бинад.
Ў аз даричаи дарвозаи чўбӣ гузаштанӣ шуда пойи росташро даруни дарвоза гузошт, монанде ки дар экран кадрро якбора боздоранд, як по дарун, пойи дигар берун бозистод. «Рухсат диҳед!»
шунида шуд овозе. «А?» саволомез ва ба худ омада нигарист Ромиз ва ҳамсояи Хола-муллоро шинохта «Марҳамат, марҳамат!» гўён саросема худро беруни дарвоза гирифт. Ҳамсоязанак баргашта ба ў нигарист ва аз рафтору ваҷоҳаташ дар ҳайрат монда, китф дарҳам кашида даромад. Аён, ки ҳамсоязанак назди Хола-мулло меравад.
Ромиз паҳлў рафта, ба тирезаи пушти хона нигарист, ки чароғи хонааш фурўзон аст ё на? Чароғи хонааш хомўш. Сонӣ пайраҳаи ҳилолшаклро гузашта, хост бори дигар бинои мўҳташами театрро бинад, дурусттар зеҳн монад, ки аз кўҳнатарин биноҳои шаҳр бошад ҳам, хеле бодиққат, боҳавсала ва хеле бо орою торо сохтаанд.
Ин дафъа ў хоста омада буд; ба меҳр, ба муҳаббат омада буд, ки тарзи меъморӣ, сохт ва майдаю резакориҳои пештоқу равоқ, дару тиреза, пешу паҳлўи ин иморатро бинаду хулоса барорад, ки бино чӣ биноесту ў бо он чӣ муомилае кард. Аммо ин корро карда натавонист. Ба назараш якбора тирезаҳои ду қабати иморат кушода шуда, ҳамаи кормандони театр сар бароварда ўро таънаю хандахариш карданд, зуд баргашта рафт. Якбора гашта рафт: гўё чунин рафтор ва ҳаракат аз кадом спектакле мерос монда буд.
«Чаро беписандӣ карда аз сари дастархони мардак хестӣ?.. Беандешагӣ... Чунин кору рафтор беэҳтиромӣ, Ромиз. Андеша бикун, фикр бикун. Ҳама маро бесухан фаҳманд гўӣ... Хато мекунӣ. Касоне ҳастанд, ки шунаво бошанд, ҳам аз кар батар; бехи гўшашон бо тамоми овоз дод занӣ ҳам, нафаҳманд, ки чӣ гўӣ, вале ту ҳамин чизро дидаю дониста рафтори беҳуда бикунӣ. Фаразан, нияти туро пай набурданд; осмон омада, ба замин начаспад. Содаӣ ту, Ромиз, сода... Аз содагиат ба ҳар касу ҳар гап ситеза ва қаҳр бикунӣ.
Дар натиҷа, бурде надорӣ... Ин дунё дунёест, ки аз дар зананд, аз дарича бояд биёӣ... Содагиат беҳтар Ромиз; ба манфиати худ кор накунӣ, касеро фиреб надиҳӣ. Гўё аз ту наранҷанд, аз пасат бад нагўянд... Лекин чунин набудааст... Ба ҳар ҳол мегуфтаанд, ту кордор нашавӣ ҳам, ба ту кордор мешудаанд... Аҷабо, ман дар ҳаққи кӣ бадӣ карда бошам?..

пешина
аз 428
навбатӣ