Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вайронкорӣ чӣ ҷои тамошо дорад? Ромизу Хуршед ба тамошогарон наздик омаданд.
«— Ин кори раиси нав...»
«— Гўянд, ки ба зид будани баъзе роҳбарон нигоҳ накарда, чунин кор бикунад.
— Онаашро нишон бидиҳанд».
«— Раиси пешинаро обод карда натавонистӣ гуфта, бекор карданд.»
«— Баҳона!»
«— Э-э-э, инро чунон якраву якқавл мегўянд, ки...»
Ромизу Хуршед бодиққат гўш медоданд:
«— Коргар, кордон гўяндаш.»
«— Аз роҳбарҳо фақат гапи чаҳор-панҷ нафарро мегирифтаст».
«— Гўянд, ки рўзе роҳбари як идораи калон ба вай телефон карда гуфтааст: «Рафиқ Мансуров, фалониро ба наздатон мефиристам, як масъалаи хонаи ўро дида бароед.» Мансуров дар ҷавоб гуфтааст: «О бародар! Агар масъала ин тавр, ту биё ба ҷои ман, ман равам ба ҷои ту!»
Ромизу Хуршед ҳам қатори онҳо хандиданд.
Аз раиси шаҳр таъйин шудани Мансуров вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, дар бораи ў гапи зиёде буд: ў мисли хурўс аз хоб мехестааст; тамоми шаҳрро мошинсавор гашта, ба коргоҳҳо, сохтмонҳо, ҷои кор рафта, дида, баъд барои оббозӣ лаби дарё мефуромадааст. Дар зимистон яхро кафонда ба об медаромадааст...
Гуфтаашро иҷро мекардааст... «Ҳа»-яш – ҳа, «не»-яш – не... «Ана қаҳрамон! Ана қаҳрамон!» дили Ромиз фарёд зад. «Лекин дошт медода бошад? Дер мепоида бошад?»
Онҳо рафтан нахоҳанд. Нафақахўрон ҳам... Гўё ҳама аз чойхонаи «Роҳат» хеста ин ҷо омадаанд.
«— Мансуров фармон додааст, ки худи ҳамин шаб аз ин қитъа нишоне намонад.»
«— Дар ҷояш чӣ мешудааст?»
«— Илоҷаш бошад, худи ҳамин шаб гулу сабза мерўёнидаанд.»
«— Афсона!»
«Магар чунин дидан афсона нест?»
«Ин чӣ хел афсона? Худамон дида истодаем-ку!»
«— Унашро ҳам худатон хоҳед дид.»
Барои он ки дар зери мағалу садоҳои зиёд гапашон гум нашавад, баланд-баланд мегуфтанд. Ромизу Хуршед ба қудрати техника шубҳае надоранд, аммо ҳайронанд, ки мардум чунин гапҳоро аз куҷо фаҳманд; пешакӣ ҳама чизро донанд, гўё ки сарархитектори шаҳр баъди муҳокимаю такмили плани генералӣ ҳама чизро ба онҳо гуфта бошад. Бофтаю тахмин бошад ҳам, ростмонанд.

пешина
аз 428
навбатӣ