Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ба ту гўям, ки санъатварию нависандагӣ кори ҳар фард не, бовар накунӣ. Бовар бикун, ки ин кори душвор ва хислати модаровардӣ дорад. Муқаддас... Гумони ман, ки нависанда дар ким-кадом гўшаи олам зиндагӣ кунад; ҳатто дар кадом бурҷи осмон ва ўро дидан аз имкон берун аст. Вай шахси ғайриоддӣ ва бо хислатҳои хоса аз одамони дигар фарқ кунад. Чизе ки ў донад, ҳама набояд донанд ва донистан ҳам мумкин не...» Ромиз даст аз зери сар гирифт ва ба худ омад, ки оҳиста рў ҷониби ҷевон овард ва рафи китобҳоро аз назар гузаронида табассум кард, ки давлату дунёиаш кам нест. Аз ин рафҳо ҳамаро пайдо кардан мумкин аст.
Ҳамаро: ақлро, хирадро, одобро, одаму одамгариро ва боз некӣ омўхтанро, ки аз рўзи азал муборизаи инсон барои ҳамин чиз аст. Барои инсон идеали олӣ лозим аст, дар ин кор китоб мададгор шавад... Рост, зиндагӣ бемубориза нашавад; мубориза барои идеали олӣ, мубориза барои сулҳу амонӣ муборизаи андак нест.
Бо камбудиҳо мубориза бурдан ҳам мубориза, бо қафомондагон мубориза бурдан ҳам мубориза, бо бадмастон мубориза бурдан ҳам мубориза... хулоса, мубориза кам нест; зиндагӣ ин мубориза аст. Мубориза бо табиат, мубориза бо ҳайвони бадхў, мубориза барои саломатӣ... мубориза бисёр...
— Ин мардак аҷаб мардак, кор кунад ҳам дар хона, кор накунад ҳам дар хона, шаб дар хона, рўз дар хона, хона-хона-хона...
– садои ошное омад.
— Ҳозир омаданд, – шавҳарро тарафдорӣ карданӣ шуд Саида.
– Марҳамат.
— Ташаккур, кор ҳаст, янга... Ку бароянд! – давоми сухан барои Ромиз буд.
Ромиз аз дар сар баровард.
Онҳо бо хиёбони марказӣ қадам мезаданд. Садои баланди булдозер баромад. Ромиз бозистода гўш дод: «Ин чӣ шўрест?»
савол кард ў. «Ҳашар» кўтоҳ ҷавоб гуфт Хуршед. Садои булдозер ҷонхарош меомад, чунон буд, ки ба решае ва ё санге андармон шуда, ба кандан зўраш нарасида, ҷон канад. Чун рў ба рўи Чорбоғ омаданд, на ҳашар, балки маҳшарро диданд: дар равшании нури даста-дастаи прожекторҳо дуд фағона зада ба фазо мепечид ва аз дастаи нур боло ҳама чиз: дуд ва чангу ғубор ба коми шаб фурў мерафт. Чунон мағал, чунон талотум буд, ки тир парронӣ, садояш шунида нашавад. Мошинҳо фурўзончашм меомаданд, бар тахтапушт хоку кулўхи кўҳнадевор бардошта бурданд, хонаҳои гилӣ, панҷараю тавораҳо ба замин яксон шуданд, гўё ки маҳаллаеро аз рўи душманӣ ба хок яксон карда бошанд; таъҷилӣ, саросема ва муташаккилона, ки андак таъхир шавад, ҳама чизро бой медода бошанд. Одами зиёде раҳу пайроҳаҳоро гирифта, тамошо мекарданд. Тааҷҷубовар, ки барои тамошо ин қадар одам омада бошад.

пешина
аз 428
навбатӣ