Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ман аз ин кулба пушаймон нестам, фақат нахоҳам, ки ту аз он савдо хабардор шавӣ. Нахоҳам, нахоҳам...»
— Имрўз духтари Мулло-амак омада буд, Ром, – фикри ўро хондагӣ барин гуфт Саида.
— Ту ҳоло ҳам бедорӣ? – сухани ўро нашунидагӣ барин пурсид ў.
— Бедорам, то шеър нахонӣ, хобам набарад...
«Не, ин ҷо ҳарфи дигар. Шеър баҳона. Барои чӣ миёни хомўшӣ «духтари Мулло-амак»?»
— Ҳа-а, бечора, ба ҳамун ҳам азоб...
— Ба кӣ? – худро ба нодонӣ андохта пурсид Ромиз.
— Ба Ҷаҳоноро...
— Чаро ғами Ҷаҳонороро хўрию ғами маро не?
— Чӣ хел ғами туро нахўрдам, Ром? Ту – мард, ў – зан. Бо ун хел шў зиндагӣ кардан...
— Чӣ шудааст ба шавҳараш? Одами чор кас медидагӣ, пулаш бисёр, зиндагиаш хуб...
— Ин хел пулу ин хел зиндагӣ ба кӣ лозим? Бечора Ҷаҳоноро, дилам ба вай сўзад...
«Таккобӣ бикун, аз ман ягон сухан мешунавӣ...»
— Ягон шикоят кард, ки ин қадар...
— Не... Аз ваҷоҳаташ маълум.
— Гумон кардам, ки... Занҳо ҳамин хел хислат доранд, дилашон нарм, саҳле кор шуд, ҳар касро ба дил наздик дониста, лақидан гиранд.
— Не, ба ҳурмати худо ягон гап нагуфтааст... худам гўям. Ҳамту. Биёяду нашишта, равад... Аз афташ шавҳараш ҷаббор аст...
— Зани хушрўй, шояд рашк барад.
Саида хомўш монд. Ромиз гумон кард, ки ў ҳарфи хоста шунид,
— А, Саида, шояд рашк барад?
— Эҳтимол...
«Бало ту, Саида, бало. Аз куҷое бў бурдаӣ...»
Сўҳбат ҳамин қадар давом кард. Ромиз шеър нахонд. Гўё аз хотири Саида баромад. Дигар напурсид. Ба муродаш расидагӣ барин. Мазмун, мурод аз ин ҳарфҳо ҳамин чизро гуфтан буд.
Ромизро огоҳ кардан буд.
— Акнун шеър нахонам ҳам мешавад?
— Не, бихон!
Ба гўши Ромиз расид, ки садои Саида дигар хел баромад:
ранҷидагӣ барин. Ў ҳам дигар. Меҳрубон, хушсухан. Гўё ҳеҷ гоҳ ранҷурии Саидаро намехоста бошад.
— Бихон, Ромиз, хобам ояд, хоҳам, ки ту хонию ман хоб равам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо