Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамоми рўз Ромиз як гапро такрор кард: «Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй...» Гўё ин мисраъ часпаке буд, ки Ромиз мегуфту баъд андеша мекард, то чӣ бояд бикунад. Роҳаш чист, илоҷаш чист, калидаш кист? Ҳо, калидаш кист. Шеър ёд кардан барои Ромиз душворие надорад; ба маънии шеър расад, хуш адо карда тавонад...
ва боз ҳар душворие ки бошад, осон гардонад, лек як чиз ҳаст:
дар куҷо машқ бикунад; рафту гуфтааш шавад, дар куҷо ва ба кӣ намоиш бидиҳад, ба ў кӣ ёрӣ расонад?.. Ў замоне ки муҷаррад буд ё зан дар деҳа – назди падару модараш, толори хурди қабати сеюми театрро хонаи худ пиндошта, шаби дароз машқ мекард ва ҳолатҳое буд, ки дар дивани на он қадар кўҳнаи роҳрави ҳуҷраи режиссёр хоб мерафт... Ў дар ҳамин ҷо Эзоп шуда буд, дар ҳамин чо Артур гашта буд, дар ҳамин ҷо ба Рўдакӣ табдил ёфт... Ва боз Рўдакӣ шудан хоҳад, аммо... Дар кулбаи тангу хурд иҷорахона фақат тавонад шеър азёд кунад... Барои шеър ёд кардани ў кулба лозим нест; одатан дар растаҳо, гулгаштҳо, хиёбонҳо ва лаби наҳру канори дарё шеър ёд кунад... вале барои саҳна сохтану ҳаракат кардан ҷой мебод... Бе саҳна нашавад; нуру чароғ мебод, равшангар мебод, сару либос мебод... Ва ҳатто гоҳи ҳамроҳи Саида будан Ромиз то соатҳои ёздаҳу ним кор мекард ва агар Саида дар басти шабона кор кунад, ўро дар назди фабрика пешвоз мегирифт ва ҳамроҳ пиёда-пиёда меомаданд. Ҳоло ҳарду дар хона, Ромиз на дар толори хурди театр машқ кунад ва на ўро пешвоз гирад.
Ҳарфи зан дар гўшаш садо диҳад: «Театр – баҳр, ту –моҳӣ; моҳӣ бе об зиндагӣ надорад...» Ў ин чизро донад, шояд аз дигарон беҳтар донад, аммо бозгашт нахоҳад. Ба театри кунгурадори зебо, ки бо ҳавсалаву зеҳну меҳр – шарқиёнаву юнониёна сохта шудааст, баргаштан нахоҳад; нахоҳад ба ў бигўянд: «кошта-кошта рафт, чида-чида омад». На! Нахоҳад...
«Саида рашк барад, Ҷаҳон. Ба ту рашк барад. Ягон чиз гуфтӣ?
Аз муомилаат маълум. Бо ман унс гирифтан нахоҳӣ, маълум, ки ба ў ягон чиз гўӣ... Лекин ман бовар надорам. Ту он духтари ҳамсоя нестӣ, ки мактуби аз деҳа навиштаи Саидаро бароварда пеши чашмам гузошта буд, то хонда донам, ки бо чӣ хел зан зиндагӣ дорам. Не, ту ин хел не, ту дигар хел... Ранги худам ту. Аз олам ҳам, аз одам ҳам талабат дигаргуна... Лекин, лекин ў аз куҷо донад?
Наход аз таваккал гуфта бошад, дилсўз бошад? Мо дар назди ў ягон ҳарфи беҷо нагуфтаем. Ту кўшиш бикунӣ, ман ҳам кўшиш бикунам, то ҳарфи ноҷо, рафтори беҷо, ишораи беҳуда нашавад. Ин чизи маълум барои мо тоҷикон: нангу номуси баланд. Нашудааст, ки ба зани касе ба духтари касе чашм ало куниву кайфар нагирӣ.
Ин чизи маълум... Шунидӣ ё на?... Дар ин хусус бисёр миш-миш кунанд, ки ҳолиё аз баҳри нангу номус гузаштаем: тоҷик яҳудӣ гираду рус тоҷик...

пешина
аз 428
навбатӣ