Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хуб, – гўё илоҷе наёфта розӣ шуд Ромиз, – Кай? Гўед, то ман ягон ҷо наравам...
— Худам шуморо меёбам...
«Дурўғ гўӣ, Ҷаҳон, ман ба ту лозим нестам. Аз ман ба ту ягон фоида ҳам нест,.. Маро дўст ҳам надорӣ... Табассум бикунӣ, ҷилави суханро ба дигар сў тобӣ, Саидаро биситоӣ, дар бораи театр, нақши нави ман пурсӣ, мактаб гўӣ, шогирдон гўӣ, аз сафарҳоят болида ҳарф занӣ, вале боре напурсӣ, ки чаро ин қадар гирифторат шудаам... Суханони ман туро шўхӣ, кори ҷиддӣ надорам, аз ин рў шўхӣ кунам; росту дурўғ гуфта чашми вақтро кўр кунам...
ва боз кӣ донад, ки аз дили ту чиҳо гузарад. Ҳар кас дили худро донад. Магар ман ҳуқуқи дўст доштан надорам?.. Ҳа-а, Саида...
Рост, Саида. Ман ўро аз касе кам надонам, барои дигарон шуда ўро азоб надиҳам, ба иззати нафси ў нарасам, маломат накунам...
фақат аз худам шарм дорам... аз дастам коре наояд, ақаллан як хона гирифта натавонам... Аз ўҳдаи кори актёрӣ ҳам набаромадам... Ҳар кас тавонад чунин фикр бикунад. Касе, ки ба сараш рўзу аҳволи ман наафтидааст... Гумон надорам, ки Саида низ чунин биандешад... Агар чунин андеша дошт, гуфта буд. Зеро дигар ёру ёвар ё дилсўзе надорам... Боз ҳаст, Ҷаҳон, муаллимам...
Лекин Саидаро худам илтимос кардам, ки гўяд. Чунки ҳар фард ба чизи пайдо кардаи хеш кўркўрона нигарад: сиёҳ бошад ҳам, сафед гўяд. Ана барои ҳамин танқид ба касе нафорад... «Худам шуморо меёбам». Кӣ медонад? Ман дурўғ гўям, шояд рост ҳам бошад... Шояд андешаат бисёр бошад: одамон, гирду атроф, кор, ёру дўстро андеша бикунӣ... Вале чаро туро бинам, ҳама чизро фаромўш кунам... Фақат як чиз монад: «ба ту чӣ хизмат кунам?»
«Ҳеҷ чиз!» Ба ту чизе лозим нест ва мўҳтоҷи хизмати ман нестӣ...
Ақаллан як бор ҳарфи дуруст зан... ё дашном деҳ, ё меҳрубонӣ бикун... ё нафрин. Сипоигарие ки дорӣ, маро хуш наояд. Ман ин хел тарбия надидаам, фиребу найранг наомўхтаам. Ман гули боғнадида, худрўй, саҳроӣ, шояд, ки сад раҳгузар раваду танҳо яктоаш бинад. Гули нимҳоли зуд ба назар намерасидагӣ... Ҳамин хел, Ҷаҳон. Бовар бикун...»
— Шумо ҳоло ҳам ҳамин ҷо? – садои Ҷаҳоноро омад.
— Ҳамин ҷо... Шумо ин қадар зуд баргаштед?..
— Рўзгор. Дар хона нон набудааст...
— Шумо истед, ман...
— Не, Ромиз, нонвойҳо шинос, фатир фармоям...
«Лозим не... Одоб нест, ки туро кор фармоям... Баъд қарздор шавам... Рост... «Бегона...» Донам, ки чунин фикр бикунӣ, Ромиз.
Хайр, рост-дия, барои чӣ ман туро кор фармоям... барои чӣ ту ба ман хизмат бикунӣ? Бегона. Инаш аниқ... Лек чаро зиёд хоҳам, ки туро бинам? Надонам... Бефоида, донам, ки беҳуда, лозим ҳам нест. Миёни мо набояд ягон чиз шавад. Аммо гоҳ-гоҳ дилам хоҳад, ки туро бинам.

пешина
аз 428
навбатӣ