Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Миёни кор, вақти дарс, дар хоб, дар бедорӣ пеши назарам биёӣ; хаёлолуд, гирифтори андешаҳои худ, ба касе, ба чизе эътибор надиҳӣ... Хаёл кунам, ки ба ман ҳам эътибор надиҳӣ. Ин чизро бинам, вале чаро маро дар танҳоӣ бубинӣ, ҳарфҳое гўӣ, ки норавост... Раво нест, Ромиз. Агар ман Саидаро нашинохта будам, агар надониста будам, ки ту ўро, он олиҳаи бегуноҳро чун дўст дорӣ, ба ҳарфҳоят бовар мекардам. Ақаллан бовар мекардам...
Ман ҳайрон; ҳайрон, ки чаро бо ман чунин муомила бикунӣ? А?
Барои чӣ? Нафаҳмам. Ё дар чеҳраи ман ягон аломате ҳаст, ки маро бад, бебода, сабук, бемағз нишон диҳад? А? Ё нисбати ту ягон кори нораво кардам? Ишора кардам? Чашмак задам? Хандидам?
Ваъда додам? Аз шавҳарам шикоят кардам?.. А? Чӣ кор кардам?
Ҳа, як бор гуфтам, ки ў нўшад, дардманд... Шояд ҳамин чиз ба ту дастак шуда бошад... Шояд ин ҳарфи маро ба таври худ қабул карда бошӣ... Вай шикоят набуд, ҳамту дар омади сухан гуфтам.
Лекин фикри ту чӣ бошад? Ин ҳарфи маро...»
— Нони гарм хўред, Ромиз.
— Ташаккур... Агар мемондед, ки худам рафта нон биёрам...
— О чӣ хел? Худатон фикр кунед.
«Ман фикр кунам, бисёр фикр кунам, лек илоҷаш чист? Наёбам... Донам, ки ба ман хандӣ, ки аз бекорӣ ба ту часпидаам, гап парронам, хушомад занам, пеши роҳатро бигирам... Не, ин хел не.
Фақат хоҳам, ки туро бинам... Лекин ин ҳавас аз куҷо пайдо шуд, худам надонам... Ҳа, ҳавас, дигар ҳеҷ. Алҳол ҳавас... Ту напурсӣ, ман нагўям... Надонам, ки чӣ гўям: «дўст дорам» гўям, худамро ҳам фиребам, туро ҳам. Хуб донам, ки ту ба ин сухан бовар накунӣ ва бояд бовар накунӣ, туро бовар кунонда ҳам нашавад. Шояд чунин ҳарфҳоро беш шунида бошӣ. Зеро чун ман мардони булҳаваси бекорхўҷа кам нестанд... Сонӣ, оила, бачу кач... Кӣ ба ин ҳавас бовар бикунад. «Занат, кўдакат?» Ба касе изҳори муҳаббат бикунӣ, ин чизро пурсад. «Зан дорӣ, чанд кўдак дорӣ?» Ҳамин бас нест, ки одами қадри худро дониста, ба қадри зану фарзанд нарасида чунин савол шунавад? Бас... Лекин чаро ман ба ту дилкашолие дорам? Ё ин чиз ҳам ба мўд дохил шудаст: сару либоси хушрў, ҷинси платформа, самурӣ, мошин, маъшуқа ё маъшуқ... Ҳамин тавр? Замона айбдор? Не, замона, зиндагӣ ба ин айбдор набувад.
Одамон айбдор. Зиндагӣ ҷараён аст, бояд ҷорӣ шавад. Вай тезоб дорад, сустоб дорад, гирдоб дорад, рўобу тунукоб дорад. Дар ин ҷо чӣ айби вай? Одамон айбдор, одамон. Шогирдони инзамона дигар хел гўӣ, аз ҷиҳати интизом, дониш ва бисёр чизҳои дигар
– норозӣ ту. Вақте ки кўдакӣ инзамона чашм кушода, дар телевизор бўсобўсӣ ва «дўстат дорам, волло-билло»-ро бинаду шунавад, магар дар бораи муҳаббат андеша кардан имкон дорад? На!
Фақат ҳавас. Ин як чизи маъмулӣ ва гўё программавӣ шавад ва ҳатто кўдакони боғча дар буни деворҳо тавонанд ин ҳарфҳоро ба ҳамдигар гўянд...

пешина
аз 428
навбатӣ