Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳа, халал мерасонад, барои он халал мерасонад, ки Ромиз баҳри чунин «худнамоиҳо» ба дунё наомадааст. Ў қадру қимати худро донад, лекин ин ҷо қадрашро паст зад, ҳамроҳи онҳое ки «ҳанг-ҳанг» хонанд, ҳамроҳи касоне, ки оҳангро нафаҳмида, дарк накарда, бадан ҷунбонда «рақсанд»... Ба кайк ситеза карда, пўстин сўхт. «Баро, Ромиз, гурез, Ромиз! Аз ин саҳна бирав, ба ҳар тариқ ту артисти шоиста ҳастӣ, дар миёни ин ҳаваскорон чӣ кор кунӣ?» Гўё касе чунин талқин мекард. «Имтиҳон, як навъ имтиҳон» хаёлан ҷавоб дод Ромиз ва дилаш ғулғула карда, аз даричаи паҳлўи «Театр» баромад ва ба гўшаш омад, ки ҳоло ҳам мардум каф кўбанд ва дар зери садои кафкўбӣ овози дигаре ба гўшаш расид. «Ромизро ҷеғ занед!» – садои мардона. Ромиз ин садоро, садои андаке шиносро шунид, вале аз роҳаш барнагашт.
Хориаш омада буд, гиря гулўгир, аммо гириста натавонист; зеро дар ҳамагуна азобе ки дар рўзгори кўтоҳаш дид, нагириста буд; ҷуз ба ҳоли Мулло-амаку хидмати Хола-мулло. Ҳоло низ ин оби раҳмоварро хоси мардон надонад. Ўро дар кўдакӣ нинаксахт ҳам мегуфтанд. Ромиз сурх шуд. Рухсораш сурх шуд, гўшаш тафсид.
Ў ҳамроҳи кормандони театр ба тамоми шаҳру районҳои республика сафар карда, саҳнаҳои хурду калони деҳот, колхоз ва совхозҳоро дида буд, аз ин ғарибтарашро ҳам дида буд, аммо дар ягон ҷо худро чунин хор, ҳақир ва бечора надида буд. Ба ёд орад, ки барномаҳои консертии маҷлисҳои мўҳташаму ҳукуматиро мебурд, ба таҳнияти коргарони пешқадами кишвар соҳиб мешуд.
Вале имрўз? Имрўз ў худашро ба намоиш монд, худашро имтиҳон кард, саҳнаро санҷид... Акнун гурехтаннст: аз саҳнаи боғ, аз тамошобинон, аз он «овоз» гурехтанист, аз шиносҳо, аз мухлисон гурехтанист, то ўро дар чунин ҳол набинанд. «Ба хона, ба хона, зудтар ба хона!» «Офарин! Хуб хондед! Ҳаловат бурдем!... Ба шумо чӣ лозим буд дар чунин саҳна... Худатонро хор кардед! Ин корро дигар накунед! Такрор накунед,... накунед... нед... нед.. недд...» Ў баргашта ба пас нигарист, касеро надид. Ангушт ба гўш гузошта афшонд. «...нед... нед...» Касе нест, гўшҳои ў садо диҳанд. Дар роҳ худро ноҳинҷор дарёбад; чун ҷинояткор. «Ҳамин хел, ҷинояткори саҳна, ҷинояткори санъат». Пиндошт баданаш ниҳоят хунук хўрд.
Гиребони куртаро бардошт (одатан ў ин корро тирамоҳу зимистон мекард: паси гиребони палтою борониро бардошта мегашт).
Нафаҳмида, тобистон будани фаслро надониста, аз парешонӣ, аз ҳаяҷон чунин корро кард. Рост, бадан, даст, сонӣ гўши тафсидааш хунук хўрд... Табларза гирифт. «Зудтар ба хона расидан лозим»...
Баъд ў ба худ омад.
Ромиз ҳар боре ки театр ба Панҷрўд мебурд, ба тамошои Ҳуснобод мебаромад. Ҳама ҷои он, ҳатто ҳар буттаю дарахти онро дар ёд дорад, ки чӣ тарз меистад. Ва ҳар гоҳ, ки дилаш танг омад, чашмонашро нимпўш карда ва пўшида он манзараи зеборо пеши назар орад ва бўй кашад.

пешина
аз 428
навбатӣ