Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Магар ба сари ман бадбахтие ояд, ту аз ман рў нагардони?
Магар нони даҳонам афтад, ту гирифта боз намонӣ? Намедонӣ...
Чӣ хел ки ман ба ту бовар дорам, хаёлам, ки ту ҳам ҳамин хел рафтор бикунӣ... Лекин ман ин хел нашавам, Саида. Якбора бимирам. Ногаҳонӣ. Чунон ногаҳонӣ, ки касе огоҳ нашавад, чунон ногаҳонӣ, ки баъзеҳоро ҳайрон кунад, баъзеҳоро заҳракаф кунад, баъзеҳоро шод гардонад; шод гардондани осон ҳам не, чунон ки шодимарг шаванд. Ҳастанд ҳамин хел касон; рўзи сиёҳи туро мехостагӣ касон ҳастанд... Ин рўз дур, Саида, аз қиёмат ҳам дуртар. Ин рўз дар рўи замин нест: дар ҳафт қабати замин, дар ҳафт қабати осмон. То он рўи замин меояд, ки қиёмат мешавад...
Хола-мулло аробачаи Мулло-амакро тела дода аз дари беостонаи айвон даровард ва ўро бо сад азоб, гўё кашола карда, рўи «тахташ» нишонд ва боз аробачаи холиро бароварда, дар роҳрави пушт, ки ҳам гараж, ҳам роҳ ва ҳам амбор ҳисоб меёфт, паҳлўи мошини инвалидии «Запорожес»-и Мулло-амак монд ва боз ба хизмати шавҳар ҳозир шуд. «Падарраҳмат, биҳиштӣ...» Ташвишаш зиёд будааст, ки Ромизро надид. Ромиз ҳам ба кулба надаромада, рафтору кирдор, хидмати Хола-мулло ва меҳру муҳаббати хонадории онҳоро шикастадил дид. Ба хаёли хеш тоқат наоварда бо кафи дастон чашмон дошта, худро ба кўриву нодонӣ зада ба кулба даромад. Ҳама дарду аламе, ки дошту ба қадри хеш месўхт, табдил ба ашк гашта аз дидааш рехт; ҳаётро чунин ашколуд медид.
— Хайрият, ки ту ҳастӣ, Саида.
— Боз чӣ шуд?
— Ҳар вақт, ки оям, дар боз аст...
21
Ромиз он чӣ андешида буд, амалӣ гардонд: шаби дигар ҳамроҳи
ҳаваскорони санъат дар саҳнаи бепули чорбоғи шаҳр ҳунарнамоӣ
карда, шеърҳои Рўдакии кабирро хонд. Саҳнаи бетонии театри
кушоди боғ ва саҳни мумфарши барои тамошобинон сохта, ки
ҷо-ҷо аз тафсои тамуз пошнаҳои борик фурў мерафтанд, хурдӣ
мекард; мардум ба дами гарми ҳавои вақти ғуруб, ба бўи ғализу
дамгардони қир нигоҳ накарда, ҳамдигарро тела дода, то назди
саҳна омада буданд. Ва ҷавонони чолоктар дар шохи дарахтон
ҷой шуда, шеър гўш мекарданд. Боғ ором буд; гўӣ аз ташвиши
зиёди рўзона, аз давуғеҷ, аз садои беш ва аз таҳлукаи бисёр ҳама
монда шуда, ба тамошои шеърхонии Ромиз омада бошанд. Рўзона садои самолёту чархофалак, овози магнитофони чойхона, ки
бефарқу, бетанаффус ҳама чизро мехонд, сари пуршўри одамони
барои истироҳат ба ин боғ даромадаро пуршўртар мекард, вале
ҳоло хомўш буд... Ромиз шеър мехонд, садояш форам буд, вале
аз ин кораш қонеъ набуд, ҳис мекард, ки чизе дар гулўяш пайдо шуда, нагузорад, то мувофиқи табъ шеър хонад, халал мерасонад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо