Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он вақт ҳама ба ин даргоҳ омадан мехостанд, хизмат карданӣ мешуданд ва нагуфта кореро сомон карданро шараф медонистанд
– вақтҳое ки Бурҳони Қодир номдор буд, нондор буд... (Аз ин хусус ҳам баъдтар...) Ва ҳоло ки пирамард барҷомонда аст, дарвозааш мушкилкушо шуда бошад ҳам, касе парво надорад ва шояд хабар ҳам надошта бошанд. Ормон ба болорҳои хамоварда, вассаҳои пўсида, ба такдарии ворафтаю хўрдашуда ва ниҳоят ба паи дасти атрофи зулфини дарвоза, ки аз зарби дастмол карда ёфтану кушодан равғанин шудааст, нигарист ва бори дигар дурудароз сар ҷунбонд. Гўё дилаш, рўҳаш шикаст ва падари барҷомондаашро салламно гуфт, ки чун сенздаҳ сол боз дар ин аҳвол нишаста, рўҳафтода намешавад; шўхӣ кунад, хандонад, хандад? Ва Ормон яқин донад, ки падар зимни ханда гиря дораду рўшод намекунад.
«Шояд сохта бошад? Маро яккаписар, наранҷад, гуфта, шояд ҳамин хел рафтор кунад?» Шояд... Лекин одамон дигар хел маънидод мекунанд: «Дар ҷои Бурҳони Қодир дигар кас мебуд, устухонаш кайҳо орд мегашт».
Пирамард – зиндадил. Инро худи Ормон ҳам медонад. Ба қавли ў ҳар чӣ аз дасташ омад, дар зиндагӣ кард ва ҳар чӣ тавонист, гирифт. Лекин подошташ чандон хуб наомад... Ба ҳаминаш ҳам шукр...
Ормон гўё ҳанги хеста назди онҳо рафтан надорад. Баҳона. Ин чиз баҳона, дар асл ў пурсупосухи падару модарашро шуниданист, ки барои ҳамин чиз роҳи зиёдеро сипарда бошад, зеро худаш гуфтугўи онҳоро бофта натавонад ё сохта бофад. Магар онҳо аз қасди ў огоҳ, ки хомўш монданд. Ў дер нишаст. Ягон кас ҳам наомад. Маълум, ки аз аҳволи пирамард хабар намегиранд. Ва ҳоло омадани ўро шунаванд, як-як пайдо мешаванд ва лофу газоф мекунанд, ки ба пирамард ин карданду он карданд... Ормон хеле андешида фикри худро тасдиқ кард: «Нон: дорӣ – ном дорӣ».
«— Омадӣ, Сангинбой?!» – якбора садо кард пирамард, вале ҷавобе нагирифта боз хомўш шуд.
Ормон садои падарро мешуниду худи ўро намедид; буни хона ўро панаҳ мекард. Ў зери дарахти азими чормағзи бобоӣ, рўи суфаи худ сохта, шоли сиёҳалои Келинчак бофтаро партофта, пўстак ва болои он кўрпача густурда, аз баҳор то танги тирамоҳ манзил мегирифт ва ҳамин ки борандагию сармо сар шуд, ба хона медаромад, вале шабҳо, ки мол аз чаро баргашт, хунук бошад ҳам, рўи боми пешоғил мехобид, то молашро гург набарад; барои сиёсат ва шаъни мардӣ он ҷо мехобид, вагарна ў омадану ягон барраро бардошта рафтани гургро намешунид, намедид; бо ҳазор гирогиру худро ҳашт лахт кардани саг хабардор намегашт. Боз азобро Келинчак мекашид. Ў мисли заргўш, чашми дилаш бедор, хоб мерафт ва ҳатто ба ягон барги хазон расида, шарфа баровардани пои ҷонвареро шунида бедор мешуд ва азбаски садои занро гург писанд намекунад, худаш садо набароварда, ба паҳлўи шавҳараш даст расонда, меҷунбонд, ки ин аломати хавф буд.

пешина
аз 279
навбатӣ