Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва пирамард якбора парида сари ҷогаҳ нишаста, нархи сабзию пиёзро напурсида, баланд «ҳо-о!» мегуфт ва фарёд мезаду гургангез медод, то саги дар ягон ҷо ғофил монда ва сагони ҳамсоя аз «ҳо»-и ў огоҳ шуда аз паи сайд бўй гиранд.
«— Ҳоло ҳам наомадаӣ, Сангинбой?!»
Боз ҷавобе нест.
Пирамард намедонад, ки ў дар куҷо. Ормон набинад, ки модараш чӣ кор мекунад. Фақат аранге бинад, ки ҳо аз он тараф
– аз паҳлўи хона дуди танўр барояд ва миёни баргҳои чормағзро баланд шуда боло равад.
— А-а-а Келинчак, ёфтам ту дар куҷоӣ! Ёфтам! Дар танўр саргин алоб кардӣ... Зуволаатро рост карда шудӣ... Ҳозир танўр метафсад, нонатро мечаспонӣ, пухта мегирӣ, нони гарм меорӣ, баъд саршир меорӣ... А-а? ё ҷурғот меорӣ?.. О, чӣ-ба гап намезанӣ?...
Ҳа-а, ту нестӣ...» Сонӣ ў суруд мехонад: «Эй писар, бо сарви қад аз чашми мардум дур бош...» Ин овоз ба гўши писар мерасад ва мулоҳиза мекунад, ки чаро дигар кас не ва ё дигар чиз нею писар, гуфта, хонад падари ў. Лекин хеста назди ў намеравад, балки бафурҷа мешинад, то онҳо боз чӣ муомилаҳо кунанд... Дилаш тап-тап дорад, ки рафту модар чунин нишастани ўро бинад, чӣ мегуфта бошад? «Чаро он ҷо мусофирона нишастаӣ?!» гўяд, чӣ ҷавоб медода бошад? «Биё нагуфтед, ҳамин ҷо нишастаам» ҷавоб тайёр мекунад ў ва ҷавоби модарро низ медонад: «Вой очаҷонат мурд, наход ки туро ба хонаи худат биё гўям!» Ва баъд оғўш кушода пеш омадану сару рўи писарро бўсаборон кардани модарро кас бинад, «ана ин писардорӣ, ана ин меҳри модарӣ, ана ин пазмонӣ» гўяд. Ва бинад, ки Ормон низ аз пешонии танги модар чун дуру дароз бўй кашида бўсад, арақи шўри ҷабини ўро дар лабонаш эҳсос кунад ва сипас аз китфони ў дошта, ба рухсораҳои арғувонии модари солхўрда нигариста, чӣ табассуме кунад. Ва дар чунин лаҳзаҳо модари зор ҳама дарду аламро дар дил гирифта, табассум карда пурсупос кунад ва «биё-биё, очакат мурд, биё-биё, очакат мурд»
гўён хурсанд шавад. Ў гиря намекунад, ки гиря хосият надорад.
Дар гуселаш ҳам, дар пешвозаш низ ҳам. Зеро як бор вақти гусели мактабхонӣ оби чашм карда аз шавҳар танбеҳ дида буд, ки кас аз паси мусофир оби чашм намекунад: «Беақл, ман ўро ба роҳи хатар мегуселонам, ки оби чашм мерезӣ?! Одам шавад, гуфта ба шаҳри азим мефиристам, то хонаду оламу одамро бинаду шиносад...»
Ҳамуну ҳамон, дар дилаш ҳар чӣ дораду надорад, механдад. Нее-е, мадда будааст, ана кушода шуд:
— Келинчак, ҳо келинчак!
— О, ин қадар чӣ мегўед? – дастонаш хамиролуд аз ошхона мебарояд Келинчак.

пешина
аз 279
навбатӣ