Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ў дасти рост низ раҳо карда аз зин дошт, ки ҷомаи печида рўдаҳоро боздошта метавонанд, пасон тамоми зўрро ҷамъ карда, худро боло кашид, пояш аз замин канда шуд, то миён аз зин боло шуд, аммо пой гардонда зинро савор шуда натавонист; як пой дар рикоб, пои дигар озод рўи зин ба шикам хоб рафт. «Чу!» базўр садо баровард ў. Саманд аз ҷояш наҷунбид.
Ниёз гумон кард, ки асп садои пасти ўро нашунидтакрор кард:
г «Чу!» Саманд боз наҷунбид ва боз, ки Ниёз базўр даст ба паҳлўи рости вай зада «чу!» гуфт, асп ҷунбида-ҷунбида, ду даст баробар пеш андохт... Ниёз дид, ки ба пои Саманд ишкел андохта, қуфл задаанд, дасту дил аз олам шуст: «Умар ятим монд... Қисматҳо такрор мешудааст». Саманд ду се бор ҷаҳид ва садои қуфлу ишкел нафоридаш, ки бозистод...
Ў сари овезонашро андаке бардошта ба чапу рост нигарист ва ҷуз замини сахт чизеро надид. Умедашро аз ҳама чиз канд:
аз Саманд, аз ёрон ва аз инсон... Дастонашро пас бурда аз қошу пуштаки зин сахт дошта, калла ва сари синаашро каме бардошт ва майли пас лағжидан кард. Нашуд. Сонӣ даст ёзонда лаҷоми рости аспро гирифта кашид. Барои Саманд доира гаштан чандон осон набуд. Саманди доно дастони ишкелдорашра наҷунбонида, балки пойҳояшро ба кор даровард ва Ниёз ба сағраи вай каф зад, ки пеш гардад. Саманд ду-се бор дастонашро меҷунбонду сонӣ барои ду дастро пеш партофтан омода мешуд ва баъд меҷаҳид.
Вай чунон ин машқро такрор мекард, ки савораш озоре наёбад.
Аз рафтораш Саманд ҳама азобро ба худ раво медиду ба соҳибаш не. Ў боз ба сағраи асп мезад, ки пеш ҷаҳад. Саманд магар пай бурда буд, ки сўи саисхона равад. «Чу, чу, ҷонвар, чу!» паст-паст мегуфт Ниёз ва Саманд мефаҳмид, ки соҳибаш мадад мепурсад.
«То охур, то охур, Саманд...» ҳамин қадар гуфт Ниёз ва Саманд ба ҷои он ки боз ҷаҳад, сайҳаи баланд кашид. «Чу, ҷонвар, чу»
базўр садо баровард Ниёз. Ва Саманд пай бурд, ки Ниёз худдорӣ кунад ҳам, дилаш мегиряд. «Ту чӣ гуноҳ карда будӣ, Саманд?»
мепурсид Ниёз гўё гуноҳи худашро медонисту гуноҳи аспашро не.
Саманд ҷавоб мегуфтагӣ барин аввал оҳиста-оҳиста садои занҷиру ишкелро мебаровард ва баъд барои баландтар баромадани садои он меҷаҳид, сонӣ паи ҳам меҷаҳид, ки соҳибашро зудтар ба ҷои гуфтааш расонад. «Сўи охур, Саманд...» гуфт Ниёз ва Саманд мисли ғуломи гапгир ҷаҳида-ҷаҳида ҷониби охур рафт. Ниёз боз андаке ҷилави ростро кашид ва Саманд пойҳояшро тофта ба охуршафат шуд. Ниёз лағжида фаромад. Даруни охур зонуҳояшро ба шиками даридааш тира карда хоб рафт. Саманди рамузфаҳм дур памерафт, ки Ниёз андаке дам мегираду боз ба худ омада савор мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор