Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳамин вақт Саманд ду-се бор баланд-баланд сайҳа кашид ва баъд дуру дароз бинӣ афшонд. Сонӣ садои ғур-ғури гап баромад. Ниёз гумон кард, ки ҳамраҳонаш аз ин кор огаҳ шуда омаданд. Ў андаке аз охур сар боло карда ва ҳамон нокасонро дид, ки дар телефонхона ба шикамаш корд зада буданд. Ниёз аз зери гардани Саманд онҳоро дид, вале намедонист, ки онҳо низ ўро диданд ё не.
«Пирмард дуруст мегўяд: пои Саманди ин бадзот ба Киштўд расад, халқоиашон омада хоки Ғузорро мебезанд» – сўҳбати онҳо меомад.
«Пирон-кордида, мо бетаҷриба...»
«Морро захмдор карда сар намедиҳанд, инро худамон ҳам медонем, лекин барои чӣ ин корро кардем?»
«Воҳима гирифт. Ёронаш дар сарҳавз, мунтазири бозгашти ўянд. Агар хабар ёбанд, пўстамон мекананд.»
Ниёз фаҳмид, ки дигар умеди зиндагӣ нест: «Ҳар чӣ талаб доред, бигўед, иҷро мекунам, вале маро накушед...» сухан тайёр мекард Ниёз, ки ба онҳо арз кунад, вале медонист, ки онҳо ин суханонро фиреб дониста ба ҳарфаш гўш намекунанд...
— Ҳоҳҳо, ин бадзот ҷояшро ёфтааст, – тамасхур кард нафаре.
— Ишкели пои аспро кушо, ки ҷасади вазнини ўро бурда наметавонем...
Ниёз ҳоло ҳам умеди ҳаёт дошт, ки баданаш як оташ гирифт ва баъд сард шуд. «Намегўям... зорӣ намекунам... Пеши ин сагон гардан каҷ кардан ҳаром мурдан аст...» Ниёз шунид, ки садои кушодани ишкели пои асп баромад ва баъд Саманд якеро сахт газид, ки фарёдаш баромад ва ҷуфтак зада дигареро аз пой афтонд.
Кадоме чолокӣ карда ба шиками вай корд зад ва Саманд шиҳа кашида яктоз аз саисхона берун рафт...
«Ҷуволро дор».
«Аввал сарашро бигир».
«Бароямон вазнин мешавад, дар сари чоҳ сарашро мегирем...»
«Сар зан, ки дер мешавад!»
Сари Ниёзро аз охур берун кашиданд. Ниёз мукобилат карданӣ шуда даст ёзонд, то онҳоро даст боздорад, Вале корди тези яке аллакай ба гардани вай расида буд. Сари ўро на аз пеш, балки ба қавли худашон, кофирона аз паси гардан буриданд... Ҷасади ўро даруни ҷувол андохтанд. Вазнин буд мурдаи Ниёз, чаҳор тан базур мебурданд. Яке, ки лагади асп хўрда буд, он ҷо монд ва чаҳор нафари дигар гандуми саркашидаи боғи маликбоиро помол карда ҷувол сўи чоҳ мекашиданд.

пешина
аз 279
навбатӣ