Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охири фасли баҳор – 27-уми маи соли ҳазору нўҳсаду нўҳ.
Аз мурдаи Маликбой чаҳор сол гузаштааст, вале замини ўро ҳоло ҳам кишт мекунанд. Асои пир – ба ҷои пир; писараш ба ин корҳо сарварӣ мекунад. Аммо барои чӣ ҷасади Ниёзро ба чоҳи ин боғ мебаранд? Шояд ин васият ва ё талаби ягон кас бошад, бе таъхир, бе дудилагӣ, яктоз – чунон ки тобутро сўи гўристон баранд, тез мекашанд; Бе огоҳӣ, бе ҳарфу бе сухан, ба ҳамон шасте ки омаданд, ҷуволро ба чоҳ андохтанд ва баробари ба чоҳ рафтани ҷувол чунои фарёде баромад, ки қотилон ҷо-ҷо шах шуданд.
Садо ба чоҳ рафт, вале як тани онҳо набуд. Дасти ў ба банди ҷувол андармон шуда сарозер рафт ва гумон кард, ки мурда аз дасти ў дошта ҳамроҳ бурд, барои ҳамин тарсида ин хел садои ҷонхарош баровард.
— Мулло Расул, зиндаӣ? – пурсиданд онҳо аммо ҷавобе нагирифтанд.–А, мулло Расул! Бевафоӣ кардӣ, мулло Расул...
Аз мулло Расул садое наомад, яқин зери ҷувол монда буд...
...Мардум Саманди бодпоро диданд, ки болу пар бароварда бесоҳиб сўи Киштўд метохт. Ҳарчанд дар роҳ онро пешгардон карда доштанӣ мешуданд, намешуд; Саманд ба касе гардан нафароварда, думу ёлашро барафрошта чунон мерафт, ки пояш ба замин намерасид. Касоне ки ўро бо савораш дидаанд, ҳайрон буданд, ки чаро Саманд бесавор ва ин зайл ҳавоӣ меравад...
...Сапедадам мардуми Киштўд хурду калон аз ҳафт то ҳафтодсола найзаву досу калтак бардошта, дар роҳи сохтаи Ниёз нагунҷида, хурўшу ғирев карда, ба музофоти Ғузор дохил шуданд. Ин субҳ Ғузор ба майдоне мемонд, ки мардум ин ҷо дар афсонаҳо шунида буданд ва баъзан аз ҷангномаҳо мехонданд. Ғиревон омадани киштўдиён мардуми сари роҳро ба ҳайрат гузошта буд.
Онҳо ҳамин ки дохили деҳкадаи Ғузор шуданд, дамашон гаштагӣ барин шўру қиёмашон паст шуд ва чунон мерафтанд, ки дузд бошанд. Ҳамраҳони Ниёз, ки то алвақт ба деҳа тохт оварда, қотилони Ниёзро ёфтанӣ ва ҷасади мақтулро пайдо карданӣ мешуданд, ба чизе муваффақ нашуда, аз ғазаби мардуми Киштўд ва таънаю маломати бобои Наврўз худро эмин доштанӣ шуда канор истоданд... Нияти мардуми Киштўд, ки ба шўр омада буданд, ин буд, ки ғузории пеш омадаро сар аз тан ҷудо кунанд. Вале бобои Наврўз, ки савори Ҷиран буд ва дар паҳлўяш Умар савори Саманд мерафт, аз нияти ҳамдиёронаш огоҳ шуда, баробари дидани шахси аввал, ки саиси саисхонаи паҳлўи телефонхона буд, даст боло карда амр дод, ки ба пирмард даст нарасонанд ва бобо ба Қаҳҳорча фармуд, ки аз ў пурсад, ки аз ҳодиса хабар дорад ё не.
Қаҳҳорча аз асп фаромад, назди пирмард рафт ва аз ў пурсид. Вале пирмард каф ба гўш дошт, ки кар аст ва ҳарфашро намешунавад.

пешина
аз 279
навбатӣ