Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Дирўз Мирзониёзро дар ин ҷо куштаанд, шумо хабар надоштед?»
«Не-е» сар ҷунбонд пирмард. Ва бобо аз рафтору ҷавоби ў рамуз гирифт, ки садояшро баландтар кард: «Дурусттар пурс!» Пирмард, ки гўшашро вазнин гуфта буд, аз ин садои бобо як безобита шуд ва пай набурд, ки барои бобо барин одами зирак ҳамин қадараш бас буд. «Кӣ кушт ва ҷасади ў дар куҷост?!» аспро ҷилав зада пеш омад бобо ва чунон омад, ки пирмардро зери пойҳои Ҷиран мегирифта бошад. Пирмард ҳаросид, ҳарфи боборо низ шунид ва сўи охурро нишон дод. Вале пеш аз ин Саманд Умарро сари охур бурданӣ шуда қадам пеш мемонд, вале Умар лаҷоми онро сахт медошт ва ҳамин ки ба муомилаю муносибати бобою пирмард ҳушаш рафт, Саманд ўро назди охур бурд ва ба замин так-так зад.
Чашми Умар ба хуни сиёҳе афтид, ки аз сари охур то замин шорида буд. Умар дод гуфт. Бобо ҳайрон монда, зуд сўи ў нигарист, ки ба ў чӣ шуда бошад? Умари Ниёзсурат аз асп фаромада, ба омадани бобокалонаш ҳам мунтазир нашуда, даст ба хуни сари охур мезад ва фиғон мебаровард: «Вой додои ҷавонмаргам!» Ва ҳамае, ки он ҷо пиёдаю савора буданд, баробари фарёди Умар фиғон карданд.
Бобо аз асп пиёда шуд ва ҳамроҳи Қаҳҳорча сари хун омаданд. Ва ў ба пирмард нигашт, ки аллакай роҳи гурез мегирифт. Бобо ба Қаҳҳорча фармуд, ки ўро гардонда биёранд ва Ғании гирён ўро зери каш дошта меовард. «Кӣ кушт ўро? Кучо бурданд ҷасади ўро?!» ғазаб кард бобо. Пирмарди «безабон» чашм нишон медод, ки надидааст ва гуш мекашид, ки нашунидааст.
Ин вақт Ғании шўх чилбур ба дори саисхона мебаст, ки пирмард тарсида воқеаро гўяд, вале рафтори ўро дигарон ҳазл дониста ўро танбеҳ мекарданд, ки дар ҳамин ҳолат ҳам аз нағмааш намемонад. Вале ў ба истинтоқи бобо нигоҳ накарда, омада аз китфи пирмарди карбоспўш кашид ва сўи дор ишора кард. Пирмард ин муомилаи Ғаниро дида ҳайрон ба бобо нигарист. «Рост мегўяд, агар нагўӣ, ҷоят ҳамон ҷо». Пирмард оҳиста-оҳиста шеван кард, даст ба ҳар нағма гардонд, ки намедонад. «Дурўғ нагў, гуфтанд, ки ту шоҳид будӣ, куштани онҳоро дидӣ, ҳатто қотилонро ном ба ном медонӣ...» «Не» сар ҷунбонд пирмард. «Дидед бобо, ин кар нест... Биё, забони туро дор гўё мекунад...» суст намеомад Ғанӣ. «Ман барои ту пири беимон дор сохтам» чилбурро нишон дода гуфт Ғанӣ...
Саманд беқарор буд, по мекўфт... Умари зирак аз рўи афсонаҳои шунидааш бошад, ки ҳайвонҳо сирдон ва рамузфаҳм мешаванд гуфта ва ё аз рўи ақли худаш бошад, ки ҷилави аспро сар дод. Саманд як сайҳа кашид ва паҳлўи одамон гашта рост ба рахнаи боғе рафт, ки он тараф гандуми саркашида помол шуда паи ҷуволи кашида маълум буд. «Бобо!» дод зад Умар. Ҳама ба ин ҷониб нигаристанд, ки мурда дар паси девор бошад. Вале Ғанӣ пирмардро сар намедод: «Ман шуморо мешиносам, шумо забон доштед-ку, шумо гўш доштед-ку?

пешина
аз 279
навбатӣ