Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё мурдаи Ниёзро дида гўшу забонатонро хўрдед?»... Саманд рахнаро ҷаҳида гузашт. Умар сахт аз қоши зин дошта буд ва аз ҷаҳидани асп парвое надошт.
Савории падараш барин. Ў хурд аст, аммо ба саворӣ мезебад.
Саманд ўро бо пайроҳаи миёни гандумзор мебурд ва дигарон ҳайрон буданд, ки ин бачча чаро чунин рафтор мекунад... Ҳеҷ кас намедонист, ки Саманд бў мегирад, бўи Ниёзро мешиносад, дар ҷустуҷўи вай меравад.
Саманд ҳамин хел асп буд, ки бўи Ниёзро, овози ўро, тарзи қадамгузории ўро мешинохт; аз дур мешинохт, ки оянда Ниёз аст ва ё каси дигар. Фақат дар омадани қотилон дар ғафлат монд.
Вай хаёл карда буд, ки аз рўи фармуди Ниёз ўро назди соҳибаш мебаранд. Вале онҳо ба пои вай ишкел заданд... Акнун вай дар сари чоҳ сум мекўфт, дастак мезад ва сайҳа мекашид, ки «дар ин ҷо, Ниёз дар ин чоҳ аст!» Умар ба одамон нигарист, ки меоянд ё не. Вале ақлу ҳуши ўро чизи дигар бурд: «Мулло Алӣ, Мулло Самад... чаро маро ба чоҳ афкандед?» садо меомад. Умар ҳарос кард; аз асп фаромада бошад ҳам, ба сари чоҳ нарафт. Аз ҳаяҷон дили ў тап-тап мезад, ки зудтар бобокалону дигарон омада ин садоро шунаванд, аммо ин садо дер вақт такрор нашуд. Шояд соҳиби овоз касони бегона будани ин мардумро дониста, садо боздошта бошад. «Садо меояд, бобо» баробари наздик шудани онҳо гуфт Умар. Бобо ва дигарон хеле гўш доданд, ки садо такрор меёбад ё не... Ғанӣ аз гиребони пирмард дошта, кашола карда меовард.
«Дар ҳамин ҷо?» пурсид Ғанӣ. Пирмард ба рўи ў нигарист, аммо чизе гуфта наметавонист. Бобо аз нигоҳи ў рамуз гирифт, ки ин чо будани Ниёзро медонад. «Додом дар чоҳ, бобокалоп, садояшро ман шунидам...» гуфт Умар. «Чоҳ чуқур аст?» аз пирмард пурсид Ғанӣ. Пирмард китф дарҳам кашид. «Инро ҳам намедоиӣ. Ту чиро медонӣ?» ба ў ғазаб мекард Ғанӣ.
— Ресмон ҳаст? – ба ҳама муроҷиат карда пурсид бобо. Садое наомад, ки бо дили пур ҳаст гўяд.– Чилбурҳоро пайванд кунед!
– гуфта бобо ба чоҳ нигарист ва ба сухани Умар бовар карда садо дод: – Мирзониёз! Мирзониёз! Мирзониёз!
Бобо ҷавобе нагирифт, сонӣ ба гапи наберааш шубҳа карда, як ба рўи ў нигарист, ки бачча натарсида бошад.
Чилбурҳои риштаю бофтаро нўг ба нўг пайваста, ба дасти бобо доданд. Бобо ба ҳамраҳонаш нигоҳ кард, кӣ ба чоҳ медарояд.
Қаҳҳорча пеш омад, Ғанӣ пеш омад. Бобо як нўги камандро ба миени Қаҳҳорча баст ва ба Ғаниву дигар ҷавонмардон фармуд, ки маҳкам дошта оҳиста-оҳиста ўро фароранд. Қаҳҳорча аз банд сахт дошта, пой ба девораи чоҳ гузошта, гўё қадам ба қадам мефаромад. «Расидӣ?» аз боло пурсид бобо. «Не!» ҷавоб дод Қаҳҳорча ва аранге ба гўшаш расид, ки қаъри чоҳ касе менолад.

пешина
аз 279
навбатӣ