Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Мирзониёз!?» садо кард ў, вале ҷавобе нагирифт... Пои Қаҳҳорча ба чизи мулоим расид. Пояшро канор гирифтанӣ шуд, ба пое расид.
«Мирзониёз!» «Уммм!» базўр садо баромад. Қаҳҳорча даст ёзонда танаи одамеро пайдо кард, ки бемадор ба девораи чоҳ такя мезад.
«Кистӣ?» «Э вой! Ман – Мулло Расул!» «Мулло Расул?» пурсид ў ва ба ҷавоби вай интизор нашуда даст-даст карда чизи мулоими зери пояш мондаро хабар гирифт. Ба ҷувол мемонд. Дарунаш чизи мулоиме.
— Ин ҷо чӣ хел афтидӣ, Мулло Расул?
— Маро ин ҷо андохтанд. Ҳам-ҳамроҳи... вай душманон, роҳзанҳо андохтанд.
— Ҳамроҳи кӣ?
— А-а...– дардманд барин садо кард ў. – Ҳамроҳи. Мирзониёз.
Қаҳҳорча даст-даст карда сару нўги ҷуволро ёфт, вале сари одамиро пайдо карда наметавонист... Ў чилбур аз миён кушода, ҷуволро аз байнаш баст ва садо кард, ки боло кашанд. «Бардор!»
амр барин ба Мулло Расул гуфт «Мадорам нест» ҷавоб дод ў ва Қаҳҳорча пай бурд, ки ў найранг мекунад. «Маро партофтанд, ба сар задам, ба болоям ҷуволро андохтанд, тарсидам...» Қаҳҳорча ба ҳарфи ў гўш надода, садо кард, ки дурусттар кашанд ва ҷуволро бардошта боло тела медод. То қадаш расидан тела дод ва баъд нигарон истод, ки чӣ хел ҷуволи вазнин аз ин равзанан торик сўи осмон меравад...
Онҳо базўр ҷуволро кашида боз каманд ба чоҳ андохтанд, ки Қаҳҳорча барояд. Вале ў аввал Мулло Расулро аз миёнаш баста боло садо кард: «Кашед!» Ва ҳамин ки Мулло Расулро аз чоҳ берун кашиданд, ҳама ҳайрон шуданд, ки ў дар чоҳ чӣ гум кардааст.
«Маро ҳамроҳи Мирзониёз роҳзанҳо ба чоҳ андохтанд» мегуфт ў. Қаҳҳорчаро низ кашида бароварданд. Ва ҳамин вақт чашми Мулло Расул ба пирмарди саис, ки Ғанӣ сахт дошта меистод, афтид ва ҳушаш рафта пеши пои бобо дароз ғалтид.
...Аз ҷониби роҳи Панҷакат ғуборе бархеста гўё болои Ғузорро пўшиданӣ мешуд. Одамон аввал гумон карданд, ки Зарафшон боз меғу ғубор кард, вале диданд, ки қадди дарё ҳавои соф аст. Чангу ғубори роҳ ба осмон хеста ба рўи деҳкада мехобид. Деҳкада то имрўз ҳавои тоза дошт, сабзу хуррам буд, вале имрўз осмони он пурғубор шуд. Ҳавои Ғузорро насими Зарафшон тоза мекард, лекин имрўз зўри насим ба бурдани чангу ғубор нарасид....
Садои суми аспон баромад. Саворони зиёде наздик омаданд.
Ёрони Ниёз ҳамроҳи отряди казакҳо меомаданд. Ва дар саисхонаву боғи Маликбой мардуми зиёдеро дида ҷилави аспонашонро кашиданд. Ранг дар рўи шарикони ғафлатзадаи Ниёз набуд. онҳо назди бобо омада таъзим карданӣ шуданд, аммо бобои Наврўз ба рўи онҳо нигоҳ накард...

пешина
аз 279
навбатӣ