Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

...Мулло Расул низ мисли Пирмард безабон шуд. Ҳарчанд мегуфтанд, ки гап занад, баҳона мекард, ки аз тарс забонаш гум шудааст. Қаҳҳорча, ки забон доштани ўро медонист, чӣ хаёле ба сараш омад, ки ҳар ду марди безабонро рў ба рў гузорад, то бинад, чӣ нағма мекунанд. Мулло Расул чунон теғ кашида ба Пирмард нигарист, ки тир барин дилу ҷигари ўро сўрох кардан мехост.
Вале Пирмард ба рафтори ў нафрат хонда рўяшро тарафи дигар мегардонд, ки ўро дар умраш надидааст.
Ҷуволро кушоданд, ки майит сар надорад, боз зуд пўшонданд.
Либос ва тан аз они Ниёз буд. «Куҷо шуд сари ў?» аз Мулло Расул пурсиданд. Вай хап буд. «Ку сари Мирзониёз?!» Мулло Расул аз садои даҳшатбори бобо, ки ларзида ва панҷа ба гулўи ў зада мепурсид, тарсид. «Магар даруни чоҳ монда баромадӣ?!... Ту сари ўро буридӣ?!» Ў ба аломати рад сар ҷунбонд, ки ин корро ў накардааст ва дастон ба ду тараф кушода, гунгона бегуноҳ буданашро зоҳир мекард: «Кӣ кушт? Сари ў куҷост?!» монда шудани боборо дида Қаҳҳорча пеш омад ва ба харнои Мулло Расул панҷа зад. «Пештар дар зери чоҳ дод мезадӣ, зораю тавалло мекардӣ, чӣ шуд, ки рўи олам баромада безабон гаштӣ?» Вай сипоҳӣ карда, ба саволи ў ҷавоб нагуфт, балки ҷуволро кушод ва шиками мақтулро ба ишораи ангушт нишон дод. Онҳо гумон карданд, ки вай шўхӣ мекунад ва рўдаҳои кашоли ўро дида, фиғонашон баромад: «Чӣ хел ту намедонистаӣ? Ҳамаашро медонӣ; кӣ куштанашро ҳам медонӣ, дар куҷо будани сари ўро ҳам медонӣ»... – «ғазаб кард бобо ва Мулло Расул боз шиками ўро нишон дод.
— Чӣ, сар андаруни шиками ўст? – хитоб кард Қаҳҳорча
— Ҳа, – ба ишораи сар ҷавоб дод Мулло Расул. Қаҳҳорча даст андохта, сар аз даруни шиками мурда баровард: хуноғушта... чашмон боз, дандонҳо зизада буданд... Бобо ба чунин ҳолат тоқаткарда натавониста, аввалин бор дар ҳаёташ гирист. Ў медонист, ки аз дасти гиря чизе намеояд; бар марги писараш нагириста буд, аммо дар фоҷиаи набера гирист, то алвақт сабаби оби чашм накардани бобои Наврўзро ҳар хел шарҳ медоданд: дил надорад, бераҳм аст, аслан гиристан раво нест... вале акнун дар ҳама ҷо мегўянд, ки бобо гирист – оби чашм кард, зеро бобо ин зайл фоҷиаи бераҳмиро надида буд...
Ҷасади бесари ўро аз ҷувол бароварда, болои гандуми сабзу саркашида хобонданд. Шиками чок, рўдаҳои кашол ва сари буридаи ў мардумро ба ҳадде овард, ки чашмашонро пўшанд, то чунин фоҷиаи чашмнадидаву гўшношунидаро набинанд...
...Киштўдиҳо аз хингбеди дарёобод дастак сохта ҷасади Ниёзро болои он гузошта бастанд, сарашро бо саллаи бобо гўё ба гардан часпонданд ва яктаки боборо ба рўяш партофта, ба роҳе, ки Ниёз сохта буд, мурдаи ўро мебурданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор