Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Гўяндаи шеъру достонҳои халқӣ Маликбойи киштўдӣ аз паси тобут достони «Ниёзкончӣ»-ро месароид:
Синнаш расо шуд сиву ҳафт,
Мақсуди худ н-овард ба каф,
Мондаст ятим, воҳасрато,
Мирзониёзам, ҷигарам.
Табъаш баланд буд, хушсухан,
Дар байни халқ буд ў писанд,
Печонд сар андар кафан,
Мирзониёзам, ҷигарам!
Шуд мотаме дар мурданаш,
Аз ёру дўст дур буданаш,
Монда калид андар дараш,
Мирзониёзам, ҷигарам!
ҶАРАЁН
Дар чунин рўзҳо, ки ҳар кас сар ба гиребони худ фурў кашида буд, Малик достони марги муфоҷоти Мирзониёзро мехонд; дар гўши писари ў – Умар мехонд, ки аз қотилони падари кўҳгурдааш огоҳ бошад; дар дили ў тухми интиқом кишт кунад. Вале Умар ба ин ҳарфҳо сарфаҳм намерафт, намедонист, ки онҳо кистанд ва барои чӣ падари ўро ҷавонмарг карданд... Аммо дигар чиз-ҳоро ёд дорад: ба чӣ алам ўро – ҷасади ўро аз Ғузор то Киштўд бурданд, медонад, чӣ зайл ба миён омадани достони Малик низ дар ёдаш ҳаст, кўдак бошад ҳам, дар ёдаш ҳаст, вале як чизро намефаҳмад, ки бобои пираш чаро ин кадар пиртар шуд? Чаро пештар росто намоз мегузорду акнун нишаста намоз мехонад ва баъди намоз дурудароз рўи ҷойнамоз нишаста тасбеҳ мегардонад ва ба касе ҳарф намезанад. Сари ўро сила мекунаду мегиряд, ҷониби Ширбадан менигараду мегиряд... Ва бар хилофи одат вақти даст ба дуо бардоштан кафи дастон пеши рўй оварда болотар мекунад; гўё ки нигоҳаш осмонаро шикофта, то осмон мерафта бошад...
Баъди он воқеа пирамард он дарахти шумро, ки чуғз сари шохаш нишаста хабари марги Мирзониёзро дода буд, бурид. Вале ба буридани сафедорони боғи пушт, ки қаламчаашонро худаш лаби ҷўй шинонда буд, зўраш нарасид. Вақте ки мардум ба оши соли Мирзониёз омаданд, аз наздиктарин пурсид, ки сафедоронро бибуранд. Аз онҳо боз пурсид, ки болорӣ, дорбомӣ, сутуниву қаламагӣ, синҷиву вассагиву тахтагиашро ҷудо кунанд. Ҷавонмардоне, ки ҳам ҳурмати боборо медоштанд ва ҳам хотири Мирзониёзро, хоҳиши пирамардро ба ҷо оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор