Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Баъд бобо ният кард, ки барои Умар хонаи тозае андозад, то аз ў ёдгоре бошад. Вале ба хотири Мирзониёз ин корро баъди се сол сар кард, ки пири пир шуда буд. Барои иморати чўбкорӣ устоҳои номдори Киштўдро кор нафармуд, аз дигар ҷо усто оварданӣ шуд; қуръа ба номи усто Қодири амондарагӣ афтод ва кас монда ўро оваронд ва хоҳиш кард, ки барои Мирзониёз кохи ёдгорие бисозад...
Усто Қодир писараш Бурҳонро, ки лаҳзае аз ў дур шудан намехост, низ овард, ки ҳамроҳӣ кунад ва касб ёд гирад. Дар ин миён Бурҳон бо Умар ёр шуд; ҳарду ба усто мадад мекарданд ва қариб ҳар рўз Умар қиссаи аз Ғузор то Киштўд овардани мурдаи падарашро мегуфт, ҳарчанд ки пирамард дар назди усто ин қиссаро ба такрор гуфта аст. Вале Умар дигар хел мегуфту пирамард дигар хел ҳикоят мекард. Умар, ки Малик дар достон номашро гирифта дилоб мекард, он порчаҳоро мехонд:
«Аспи саман сум заданаш, Дили Умар гум заданаш»...
Бурҳон аз Умар сабаби кушта шудани падарашро пурсид, вале ў надонист, ки барои чӣ падарашро куштаанд. Бурҳон боз пурсид, ки барои чӣ одамро мекушанд? Ва ин дафъа Умар дигар хел ҷавоб дод:
— Фақат одамро не, ҳайвонҳоро, паррандаҳоро низ мекушанд.
— Хайр, паррандаю ҳайвонҳоро барои нафсашон мекушанд,
– баҳсона сухан кард Бурҳон, – Гўшташро мехўранд, лекин гўшти одамро хўрда намешавад-ку?
— Барои тамошо будагист, барои дилхушӣ будагист. Вагарна додои ман ба кӣ зарар карда буд?
— Баъзан одамро барои чизу чорааш мекушанд; тилло дошта бошад, молу мулкаш зиёд бошад.
— Намедонам, додои ман як сағира гузаштагӣ... Сонӣ дар мамлакати русҳо хонда калон шуда будааст, шояд барои ҳамин ўро кушта бошанд. Аз бобом пурсидам, ҳа, ин кас бобокалон, бобои худам мурдагӣ. Бобокалон мегўн, ки додою бобот дар як сол мурданд. Умри ман низ набояд аз ин гузарад, зеро аз синни падар гузаштан носавоб будааст...
— Ин гапҳоя мон, Умар... Ту аз афсонаҳо Хизрро шунидаӣ?
— Кадом тоҷики кўҳистонӣ нашунидааст. Ҳама шунидаанд, аммо касе надидааст.
— Ана ҳамин бобокалони ту ба Хизр монанд, тавба кардамку, монанд.
— Ҳама ин чизро мегўянд, медонам, бобокалонро бисёр ҳурмат мекунанд... Ту одами зирак будаӣ, ҳамин чизро пай бурдӣ.
Ё ягон кас гуфт?
— Чӣ, ман чашм надорам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор