Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Дорӣ-дорӣ, чашмонат тез, оташ доранд, лекин ин чизро пай бурдан фақат кори чашм не.
— Умар-о!
— Ҳо.
— Агар кушандаҳои додотро медонистӣ, чӣ кор мекардӣ?
— Намедонам, медидам, ки онҳо чӣ касонанд, сонӣ ба ҳамон нигоҳ карда илоҷ меҷустам.
— Ман медонам...
Умар як қад парида ба ў нигарист ва сўҳбати оҳистаю кўдаконаи онҳо дигар шуд. Бурҳон аз нигоҳи ў чӣ рамуз гирифт, ки Умарро азоб надода донистаашро гуфт:
— Туркҳо куштагӣ додотро... туркҳои Оғилак...
— Аз куҷо медонӣ инро?
— Калонҳо гуфтанд, ман шунидам... Рўзе ки ба хонаи мо одамони шумо рафта буданд, гап-гап шуд. Ва сабаби куштанашон ҳамин будааст, ки додои туро ба ҷои як турки оғилакӣ ин ҷо калон карда будаанд. Дигар чиз намедонам.
Умар чархеро, ки аз себу чўбчаҳои ҷорўб сохта, дар шар-шари боғи пушт дошта, бозӣ мекарданд ва он мисли чархуфалак гирд мегашт, якбора ба ҷараёни об сар дод ва дартоз назди бобокалон рафт. Баччаи калони дувоздаҳсола, ки даврони андар даргоҳи бой хидмат кардани Ниёзро ёд меорад, ба шасти рафташ назди бобокалон афтид ва ба зонуи ў сар монда гирист.
— Чӣ шуд, баччам? Ба ҷўраат ҷанг кардӣ? – сари ўро сила карда пурсид бобокалон.
— Не.– Сар рўи зонуи ў ҷунбонда ҷавоб дод Умар. – Ку... куушандаи додом маълум шуд.
— Аз куҷо маълум шуд?
— Ана вай – Бурҳо-он ме-егўд... Ту... ту-уркҳои оғи-лакӣ меегў-ўд.
— Хап шав, баччам, ҳоло онҳоро ёфта... астағфируллоҳ!
...Рўзе бобои Наврўзро бурданд. Нав таҳкурсии иморат бунёд шуда, синҷи пушти хонаро кашида буданд, ки омада, ўро бурданд.
Ҳамроҳи бобо хуб суҳбат карданд, сонӣ ба аспи худаш нишонда бурданд... Ҳафта гузашт, даҳа гузашт, моҳ гузашт, сонӣ бобои Наврўз баргашт; ҳамаро парешон карда савори аспи Ҷиран баргашт. Аспаш ҳам, худаш ҳам лоғар гашта буданд. Баъд маълум шуд, ки дар бозпурси қотилони Мирзониёз иштирок кардааст ва ҳайрон мондааст, ки аз чунин бозпурсиҳо чӣ фоида бошад?
Мирзониёз дигар зинда намешавад. Агар қоида бошад, қотилро сар гиранд, дуздро даст буранд ва густохро забон. Он гоҳ мардум метавонанд осуда бошанд, вагарна маҳбус баъди аз маҳбас баргаштанаш гуноҳи дигаре мекунад, ки аз пешина азимтар. Наход барои қотилони Ниёзро донистан боборо ба Самарқанд оварда бошанд, наход барои якеро бардоштан дигареро нобуд кардан лозим бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор