Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Суди уезди Самарқанд танҳо барои тасаллои дил боборо хонда будааст... Ў донист, ки суханони писари усто Қодир
– Бурҳон рост будаанд: туркони оғилакӣ қотилони Ниёз будаанд, пештар ҳам сўиқасд кардаанд. Ва ҳангоми бозпурс бобо фаҳмид, ки сабабгори марги Ниёз худи ў будааст: «Чӣ донам? Чӣ донам, ки туро барои мансаб ба ин ҳол мерасонанд...»
— «Бобо, шумо чӣ арз доред?» – пурсид додгустар.
— «Магар арзи ман ҷон дорад?.. Чаро қотилон ҳама нестанд?
Вақте ки мо Мулло Расулро аз чоҳ ҳамроҳи мурдаи Мирзониёз кашида баровардем, ў кару гунг буд, ҳеҷ чиз гуфта наметавонист ва ба ишораи даст мефаҳмонд, ки ўро душманон ҳамроҳи Мирзониёз ба чоҳ андохтаанд... Ҷавонмардҳо ўро пора-пора карданӣ буданд, аммо ба ҳарфи ў бовар карда ман озодаш кардам. Лекин онҳо гўянд охир, барои чӣ Мирзониёзро куштанд? Моро фармуданд, мегўянд. Кӣ фармуд? Барои чӣ фармуд? Наход барои мансаб, вазифа каси бегуноҳро кушанд? Талаби ман ҳамин ки қотилонро пеши чашми мардум дор кашед, то ба дигарон панд шавад...»
Вале қотилонро дор накашиданд, балки бадарға карданд ва бобо норозӣ баргашт. Вай бояд, ки бо асои пириаш ба сари қотилоп зада, пўла карда, мағзашонро мебаровард, танҳо ҳамон вақт дилаш таскин меёфт, гумон мекард, ки Мирзониёзро накуштаанд, балки худаш мурдааст…
Бобокалон сари набераро сила кард. Ин чизро Ширбадан аз паси шишаи тиреза дида, хориаш омад ва хост аз ҷафои ин фалаки номеҳрубон фарёд зада, аз хона барояд ва маълуми олам кунад, ки наход аҷал ҳамин хел марди мардонро расад, наход касе, ки ба бечорагон чора андешидан мехост, ин қадар новақт даргузарад, наход, ки одам аз дасти одам мурад? Хирс мекушт, хук мекушт, гург мехўрд, аламаш камтар буд: ҳайвон шуур надорад, ақл надорад, баду некро фарқ намекунад... Ширбадан кўшиш мекард, ки рўяшро касе набинад. Ҳатто усто, ки чандин вақт боз дар ин хонадон нону намакхўр шудааст. Бобокалон онҳоро бемардина гузошта рафт, Ширбадан кўшиши паноҳ доштани рўи худро фаромўш накардааст. Фақат барои Бурҳон, ки Ширбадан ўро қатори Умар медонист, дидани рўи ў муяссар шуд. Ва Бурҳон, ки дар ягон ҷо чунин чеҳраи зеборо надидааст ва ба ба шир монанд будани пўсти инсонро тасаввур ҳам намекард, баробари дидани рўи ў даҳон кушода, дурудароз дида аз дидори ў намеканд. Рўзҳое, ки падар ёди аҳлу аёл карда, ба деҳа баргаштанӣ мешуд, Бурҳон рафиқи хуб будани Умарро далел оварда, ҳамроҳи падар рафтан намехост, зеро рўзҳое, ки дар хонадон марди бегона набошад, Ширбадан рўкушод мегардад ва дурусттар тамошо кардани зебу фари ў имкон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор