Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ширбадан ҳамин нигоҳи писаракро пай бурда буд ва Бурҳонро қатори Умар навозиш мекард.
Он рўз писарон оббозӣ рафтанд, Сабзина набуд, модари Ширбадан наомад, бобо дар сояи ток хобида буд ва Ширбаданро лозим омад, ки худ барои тароша равад. Ҳангоме ки Ширбадан барои тароша ба замин хам шуд, нўги рўймолаш ба китфаш андармон шуда рўяш намуд ва чашми усто ба як тарафи рўи ў афтод. Усто, ки потеша ба сарсинҷ мезад, ин дафъа худро гум карда потеша ба по зад ва як «уҳ» гуфту потеша канор гузошта рўи синҷ бинишаст. Масҳӣ кашида натавонист ва то онро чок карда, пайтоба кушод, ки хуни зиёде рафт. «Бобо, бинед, ки ба усто чӣ шуд», гуфт Ширбадан. Бобо асозанон назди усто рафт ва аз миёни панҷа заҳидани хунро дида ва ҳоло чӣ воқеа рух заданашро надониста сўи Ширбадан фарёд зад: «Зуд намад сўхта биёр. Зудтар!» Ширбадан, ки худро гунаҳкор дониста ва ба ин кор аллакай варзида буд, баробари овоз баровардани бобо намади мутшударо ба хокандоз бардошта овард. Вале ин дафъа эҳтиёт кард, ки бари рўймол аз рўяш наравад. Вай ду бари рўймолро зери дандон дошта, баъди аз дасти ў хокандозро гирифтани бобо аранге ба усто нигарист, ки овораи пои худ сўи ў нигоҳ намекард: ё дардаш сахт буд ва ё аз бобо андеша мекард. Як бор нигоҳи ў лозим аст, ки Ширбадан рух нанамояд ҳам, ақаллан таъзим кунад, ки гуноҳаш шуста шавад, усто пай барад, ки вай маъзарат мехоҳад.
Усто намадпораи сўхта ва сўзонро ба ҷароҳат пахш карда:
«Келин, барака ёбӣ» гуфт ва Ширбадан таъзим карда хокандозро аз дасти бобо гирифт ва боз сўи ошхона шитофт, ки аз нав намадмут карда орад. Ва ҳамин тавр ҳам кард.
Усто, ки хуни пояш аз миёни панҷаҳо ба хокаи намад омехта сиёҳу қатронӣ мезаҳид, намадмути сўзонро боз ба рўи захмаш пахш кард ва хоҳ барои дардаш буд ва ё барои дидори Ширбадан, як «оҳ» кашид. Аз ин оҳи ў Ширбадан чӣ маънӣ кашид, худаш медонад, вале бобо оҳи ўро аз сўзиши ҷон донист:
— Усто, бубахшед... Дар ноомади кор, атола дандон шиканад...
Ҳамааш қасд кардагӣ барин – болои ҳам.
— Ҳеҷ гап не, муллоамак, мегузарад, пои мо ба нав теша нахўрдааст.
— Бубандед поятонро, усто. Рўи кат бинишинед. Кори дунё тамомӣ надорад, – гуфта бобо ба мадади асояш ба по шуд ва лаби шар-шар рафта ба обдаста об овард, ки ин дам Ширбадан пораи латтаи сафедро ҷониби усто дароз мекард.
«Бале, келин!» гуфт усто...
— Мулло-амак, маро гунаҳкор кардед, о ман пои равон дорам, худам рафта дастамро мешўям, – ба ҳурмати бобо аз ҷой хеста гуфт усто.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор