Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Самандро савор шуд. Сангин ба бародар нигарист, шоҳзодаро мемонд. Нўги камон як ваҷаб аз сари ў боло буд.
— Барори кор, ако!
— Бале, додарам!
Бурҳон чун одат пушти боғи усто Карим ҷилави аспро пас кашид. Дар роҳи байни хонаву оғил арўси докабасар намоён шуд ва зуд даруни оғил даромад. Вале дергоҳ набаромад. Садои дашноми баланд омад, Бурҳон аспро ҷилав зад, то биравад. Дуртар рафта касеро надид. Аз роҳаш нагашт. Шикор рафт: «Ман дидаму ў надид».
Расани сарафсор ба хорбутта баст ва чодарро кушода, ҷониби кабкҳое рафт, ки аз омадани сайёд огоҳ шуда, паси теппачае мехонданд. Чодарро дида шиқ-шиқ садо бароварданд ва фаххаву хунукзада қарор гирифтанд, сонӣ ҷониби чодар омаданд. Бурҳон чодар ба замин гузошта, аз дидгоҳи чодар мили камонро гузаронда, омода ба паррондан шуд ва ба фатила оташ дода, нишон гирифт. Садои тир баромад ва кабкҳо якбора ҷастанд, тирзадаҳо рехтанд...
Бурҳон зуд баргашт, то боз аз паси боғи усто Карим оҳиста гузарад. Гумонаш, ки боз он арўсро бинад, аммо усто Каримро дида аспро пошна зад, рон афшурд, то тез гардад ва он чӣ чашмдор набуд, шуд: Гулсифатро дар лаби об дид. Гулсифат дар кўза об меовард ва баробари дидани Саманду савор кўза ба замин гузошта, пушт ба ў гардонда истод, то савор бигзарад. Аммо Бурҳон аз рафтори арўс чӣ рамуз гирифт, ки худдорӣ карда натавонист:
— Қурбони ту мешам, Гулсифат!
Одатан дар чунин ҳолатҳо занҳову духтарони деҳа дашном диҳанд. Гулсифат чизе нагуфт. Ба замин нишаст, ки хоси духтарони кўҳистон аст. Шарму ҳаёро бо чунин роҳ ифода кардан хоҳанд.
— Ҳар рўз дар ҳамин соат ба об биё, Гулсифат...
— Равед! Зудтар! – пуризтироб буд овозаш. Кўзаро бардошту биштофт. Дар хамгашти кўча як бор ба пас нигарист. Бурҳон шод гашт, ки арўс аз қасдаш огоҳ гашта. Баъди пинҳон шуданаш лаҷоми аспро тофт ва масрур ба хона баргашт. Дар хона гумон карданд, ки аз барор гирифтани шикор шод аст.
Бурҳон надонист, ки ош аз гулўяш чун гузашт. Ҳушу хаёлаш ба он сў буд ва садои ҷонфизои Гулсифат аз гўшаш дур намешуд.
Бурҳон як бари рўи ўро хаёле дид, ки аз давраи духтариаш тозатар метофт. Инак дар рўи ҳар чиз симои ўро медид; аз ҳар тараф садои ўро мешунид. Дар боғи усто Карим, роҳрав, лаби об, дами дарвоза, саҳни ҳавлӣ, паҳлўи Саманд, дар хона ва ҳар ҷое, ки ў рафта бошад, пайдо мешуд; аз тиреза, аз сақфи хона, миёни болору вассаҳо сўйи ў менигарист, ширин табассум мекард, ҳам ҷонашро мегирифту ҳам ҷон мебахшид. Чашмонашро мепўшиду мекушод.
Ба торикии хона менигарист, ба сафедии барф, ки аз тирезаи хурд медаромад, сар бардошта зеҳн мемонд ва орзу мекард, ки хобаш барад ва ё зуд субҳ дамида, гашти пешин шавад ва ў савори Саманд аз лаби об гузарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо