Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Хоб намеомад. Рўз намешуд.
— Ҷўра! Сангин!
Оҳиста овоз баровард ў ва аз онҳо ҷавоб нашунид. Боз дам ба дарун гирифта, ба фикру андеша рафт. Гуфтаниҳои зиёде тайёр карда рафт барои Гулсифат, саволу ҷавоб кард аз номи ў. Нақшаи зиндагӣ кашид то пир шуданашон...
— Чӣ мегўӣ?
Ин овози модар буд. Ҳама андешаи ўро барбод дод. Бурҳон дам ба дарун гирифт, ба ҷои он ки дарди дилашро ба модар гўяд, хомўш монд. Вай медонист, ки модар посух хоҳад, аммо чизе нагуфт, то гумон кунад, ки хобидааст.
— Хобат бурд?
Ва боз Бурҳон овоз набаровард.
— Шумо ҳам хобед, баччаҳо?!
Ва баччаҳо фиш-фиш нафас мекашиданд. Бурҳон дар пешгаҳ, Ҷўра дар миёна, Сангин назди модар хобида буданд ва модар дами дар, то саҳархезиаш осон бошад. Ба ном хоб. Дар асл ташвиши бениҳоят дошт. Агар Бурҳон саргарми муроду ташвиши хеш бошад, модар ғами ҳар сеи онҳоро мехўрд. Боз як олам ғам дошт...
Кўдаконаш дар оғўши ў низ чунин нафас мекашиданд. Нафасашон зери манаҳ ва банди дили ўро гарм мекард; аз гармии тан, аз тафси нафаси онҳо дар занахдон, сари синаи модар нам пайдо мешуд ва ў зиндагиро, мақсади зиндагиро дарк мекард, аммо ҳоло писаронаш мардона нафас кашанд, ба гумони модар нафасашон сард аст ва ў ба маънии зиндагӣ намерасад; гўё барои азоб, ташвиш, гапшунавӣ, маломат, коҳиш ва хорӣ... ба дунё омада бошад. Ба ҳаминаш ҳам шукр кунад, ки аз дасту пои равон намонд, гирифти дил кушода шуд... Андеша дорад, ки қозӣ ҳукмашро дигар карда бошад ва ё гирифти дили ўро, бедаму дуд хобиданашро дониста, ҳукм бозмонда бошад ва ё андешаи дигар. Дар дили шаб ин чизҳоро фикр кунад, ки дар рўз пайваста пеши назар оварда, таҳлил карда наметавониста бошад. Тақдиру қисматҳоро андеша кунад, дар бораи фарзандонаш, ояндаи Ёдгор фикр дорад... Худаш... ҳа, гўё ў ба касе лозим нест... сад афсўс, ки коре карда натавонист; Зуҳур боз волосту уезд рафт... Шарифа ором нест. Вай қасдашро бояд бигирад, аз фарзандонаш бошад ҳам, бояд бигирад. Зеро донад, ки Зуҳур дар чунин андеша аст: ба ҳар роҳ қасдашро ситонад. Ва Шарифа нахоҳад, ки аз барои ў писаронаш азоб кашанд.
«Сангин! Сангин!»
Аз болои Ҷўра даст ёзида ва Сангинро ҷунбонда, паст садо баровард Бурҳон. Модар як лаҳза андешаро фурў монда, гўш ба ў дод:
«Гўш бикун, Сангин!.. Сангин! Сангин!!!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо