Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Бурҳон?!
— Ҷўра?!
— Натарсед, оча, мо!
— Чаро овоз намедиҳед? – парида хест модар, ки гумкардаашро ёфт. Шодон ба пешвозашон рафт. Писаронро якҷоя оғўш кард.
Хомўш буданд, гўё мотам доштанд...
— Ин чӣ рўз аст? Ин чӣ зиндагист?
— Осуда бошед, ҳамааш хуб мешавад. – Сари модарро сила карда гуфт Бурҳон.
— Шумо се додарон... метавонед кўҳро талқон кунед, рўдҳоро бубандед, бо даматон санги осиёб гардонед...
Ба андеша рафтанд писарон. Боз ҳама ҷо ором буду хомўш ва хомўшии пеш аз тўфонро мемонд.
— Мекўчем?
— Намекўчем!
Гўё дар дили шаб чизе таркид. Бад-он мемонд, ки баъзан пеш аз зилзила аз мазор садои тўп мебаромад, пасон замин меҷунбид... ва мегуфтанд, ки азизони мазор тўп парронданд... Андешид Шарифа, ки тахминаш рост баромад: писарон бояд чунин посух медоданд. Ва тамоми шаб дар ин хусус ҳарф задан хост: маталу афсона, рамзу тамсил, қарина гуфтанӣ шуд, ҳамчунон ки барои тасаллӣ ва хобондани Ёдгор мегуфт. Вале ин дафъа афсонаву қаринааш на дар бораи кўдаку хирсаку рўбоҳак, балки аз хусуси мардиву ҷавонмардӣ, шуҷоат, ватану ватандор бошад; фаҳмонад, ки зери боми хеш мурдан беҳ аст дар тахти ғарибӣ мурдан... Ў андеша дошт... чизе нагуфт. Мазмун, барои Бурҳони «дунёдида»
ин чизҳоро шарҳ додан ҳоҷат набуд. «Намекўчем» вассалом.
Шарифа ба ду ситораи равшани тори шахи Говхона нигарист ва пай бурд, наздик омадаанд ба ҳам, мизони фасл – шабу рўз баробар мегардад, ин ду ситора дар нуқтаҳои хеш қарор гирифта, боз ба оҳистагӣ аз ҳам дур мегарданд, ғизо бахшида, рўҳ гирифта дур мераванд. Ситораи чап, ки андозае хурд метобад, сабукӣ карда, болотар қарор мегирад... Ситораҳои Осмон Моҳу Парвин дар рўзгори мардуми ин манзил ворид шуда, халқ ба сояи шахҳои хурду калон нигоҳ карда, умр сипарӣ мекунанд; аз омаду рафти паррандаҳо фаслҳои солро муайян мекунанд; аз гардиши обҳо, аз зиёду кам шудани обҳои зери Дупула омади солро мефаҳманд...
Инак онҳоро бадарға бикун будааст... То ба табиати он ҷо ошно мешаванд, ки чашм аз олам мепўшанд.
— Яъне, ман набояд духтари нодухтари Зуҳурро пеш мекардам?
Модар надонист, ки ин суол аст ё таъна... Дарёфт, ки боз як таркише шуд дар дили шаб...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо