Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

...Ҳама ба тамошои зани Шарифи Мурод меомаданд ва ханда мекарданд, ки маймун барин: на эзор дораду на рўймол; зардинаи чашмкабуд, на лафзашро касе мефаҳмад ва на лафзи дигаронро пай мебарад, ҳатто Шариф ўро оварда бошад ҳам, забони ҳамдигарро намефаҳманд...
«Мусулмон мекунам, гуфтааст...»
«Ба зан қаҳтӣ буд?»
«Зан дорад-ку?»
«Ба пайғамбар таассуб кардааст».
«Майрам ном доштааст, номи модари Исо-пайғамбар...»
«Читу ёфта гирифтию?..»
Ва баъди он ки тамошо тамом шуд, арўси навро диданд, гўё шири дамида аз ҷўш монд, зиндагии осуда сар шуд. Шарифи Мурод дузана шуд; зани тоҷикиаш пешаш намерафт, ки кофир шудааст. Кўдаконаш низ намерафтанд... Марям ба мулки бегона афтид, ғурбатро дид ва ба кору кирдори онҳо ҳайрон монд, аз Шариф сахт ранҷид, ки чаро ўро фиреб дода овард?
— Барои некиҳои модарат, Майрам... Ў маро аз марг наҷот дод, пинҳон намекард, казакҳо маро лахту палахт мекарданд...
Ман надонистам, ки ба некии ў чӣ ҷавоб гардонам... Ба назарам ҳар касе ба ҷои ман мебуд, чунин рафтор мекард... Дарнаёфтӣ, ки туро нағз дидаам?
Духтари Зарифи Ёр аз хонаи шавҳар қаҳр карда рафт. Шарифи Мурод миёни обу оташ монд. Марямро бароварда ба кўча намепартояд. Рўи дили Марям рафтанист, таги дилаш не. Шарифро нағз дидааст, бе ў зиндагиро ҳаром донад, пеш кунад, ҳам намеравад. Шарм мекунад, ки Шарифро зўран аз дасти духтари Зарифи Ёр гирифта бошад.
— Ҳамаашро ба занат фаҳмондӣ?
— Фаҳмондам... Фаҳмидан намехоҳад... Занҳои мо то ба сарашон нахўранд, сар намефароранд.
— Чӣ хел?
— Ба сарашон кўфтан лозим...
Марям ҳайрон монд. Даст ба даҳон бурд, ки садои баландаш набарояд. Пас бо ҳамон хашме, ки дошт, лаб газид. Ба назар деҳа ором метобад; гўё ҷуз бонги хурўс, ҳанги хар, аккоси саг дигар чизе оромиву хомўшии онро халалгор намешавад. Аммо дарундарун он қадар мағал, ки ҳисобашро кас наёбад. Дар як хонаяки танг, ки қариб ҳама–бобову набера, момову арўсу писар зиндагӣ мекунанд, занбўрхона метобад. Аввал Марямро меҳмон донистанд, ҳамроҳ нишастанд, арўс буданашро дониста пароканда шуданд.
Акнун нигаронанд, ки кай равад он арўси русӣ. Вале Марям дили рафтан надорад; азобу хавфи роҳро медонад, рафтан намехоҳад.
Гумон ҳам мекунад, ки то ба манзил расидан аз падару модар нишоне намемонад ва он ҷо сарсон мегардад. Агар аз аввал ба сари хонадонашон таҳдид набуд, думи Шарифро намегирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо