Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яқин медонад, ки зодагонаш ё ба қатл ҳукм шаванд ё ба бадарға, аммо намедонад, ки ин аз ҷониби кӣ шавад: аз ҷониби гвардиячиёни сафед ё аскарони сурх? Азоб, дўсту душманро кас фарқ намекунад... Инаш ҳам мегўяд, ки мо шуморо озод мекунем, онаш ҳам...
Маълум нест, ки киро аз кӣ озод мекунанд. Ба назари Марям, ки ба як гўшаи ором афтид, аммо ноҷо афтид... Ҳоло ки фоли зани Кабирро нашунида, чунин гўяд...
— Охир, чаро нагуфтӣ, ки зан дорӣ? Ақаллан аз фарзанд доштанат рўй намегардондӣ!
— Ман аз ту ҳам рўй намегардонам... Гумон кардам, ки муддати сафар гузашт, барнагаштам, Ҳанифаро ба шавҳар медиҳанд...
Ҳоло Ҳанифа равад, рафтан гирад... Фақат ту бояд ба падару модарам гўш кунӣ!
— Чун?
— Ҳар чӣ гўянд, он кунӣ.
— Агар баромада рав, гўянд?
— Не, ин хел намегўянд... Эзор пўш мегўянд, рўймол банд мегўянд, намоз хон, рўза дор, мегўянд...
— Хуб. Ба ҳамааш розӣ, лекин ту зану фарзандатро баргардон.
Шарифи Мурод дароз ба ў нигарист, ки ин чӣ махлуқест? Ҳанифа қаҳр карда рафт, ки зан овардӣ, ў мегўяд, ки зану фарзандатро баргардон. Ў сар меафшонаду ба Марям менигарад, лаб мелесаду ба ў менигарад... – Ман ўро баргардонам, ту меравӣ?
Марям чизе нагуфт, ба андеша рафт: «ҳа» гўяд ё «не?» Зеро намедонад, ки кадомӣ ба Шариф хуш аст. Ҳарф дигар кард:
— Дар ин ҳавлӣ ҳардуямон мондем?
Шариф низ ҷавоб надод. Меандешид, то чизе бигўяд, ки аз кардаи ў гузаротар бошад; саволи ўро нашунида ангошта, суол дигар мекунад:
— Агар худат равӣ, роҳро ёбӣ?
— Меёбам! – гўё ба чунин савол нигарон буд ва қасдан кард, ки ҷаста хест.
— Ман туро то Дупула гусел мекунам...
Чунин гуфт Шарифи Мурод ва дар гулўяш ғамбода дамид.
Саҳл монд, ки бигиряд ва сари мардӣ аз дунболи Марям баромад. Ҷавонзани сарлучи беэзори мўи сараш якто бофта ба пушт партофта, миёни деҳаро ҳамроҳи Шарифи Мурод мегузашт ва ҳар каси дида ба рафтори онҳо ҳайрон мемонд, ки чун ба чунин озодӣ назди мардонро мегузарад ин зан. Кўдакон аз дунболашон кашола буданд, тамошо доштанд.
— Дар бораи Дупула ба ту гуфта будам?
— Ҳо, гуфта будӣ... Сари шахчаро ҳам намуда будӣ... Инак ману ту аз он ҷо худро бояд ба рўд андозем...

пешина
аз 421
навбатӣ