Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавонгаронро бурда наметавонӣ ва ё нахоҳӣ бурдан. Зеро пиндорӣ, ки ҳаром мешавӣ, макрўҳ гардӣ. Охир онҳо чандон ба инсон монанд нестанд. Аз номи Худойи якка ҳар хел «макрномаҳо»
бофта мебароранд, ки Офаридгорро дар ҳайрат мегузоранд. Аз ҳаққи бечорагон обод мешаванд, аз хуни мазлумон даст рангин мекунанд; аз хоки куштагон қаср месозанд; аспашон дар так ва тозиёнаашон хунрез… Ва ту чун гумези замони Зардуштӣ ҳама ин олудагиҳоро тамиз кунӣ. Вой бар ҷони бечорагони берўзӣ, ки ба Худо ҳам бовар доранд, ба пайғамбари ғайр ҳам, ба бандайи тавоно ҳам. Хонаашонро сел вайрон мекунад, ба Табиат шукр мегузоранд; Аммо туро сарзаниш мекунанд, Зарафшон, ки бурдӣ
– ҳама чизро бурдӣ: гаҳвораро, бисоти хонаро, чўбу чахсро; говро, бузу гўсфандони бечораеро, ки аз ноилоҷӣ хона дар селрав ё канори рўд сохта буд аз сангу гил. Хонайи як вақтҳо бо ҳазор армон аз санг сохтаашро оғил кард ва аз камзамини пушти онро ба сад ранҷ кофта сарпаноҳи нав пўшонд; ҳамонро низ бурд сели замон, сели нобаҳангом…

«Баски селоби сиришкам омад аз ҷўши ғамаш,
Қасри бунёди диламро сахт вайрон карду рафт.»

Ай Зарафшон! Аввал Худо, баъд ту, пасон муғарриқон шоҳиди аниқ, вале ҳар се мисли ман чизе гуфта наметавонед. Манам яке аз шумо, ки лол кардандам. Маро андаруни худам куштанд бесилоҳ. Ва мубориза бурда натавонам. Зеро ман Муқаннаъ наям ва Абўмуслиме нест, то пешопеши ман равад, то аз он мубориза омўзам.
Кўҳҳоро ҷунбониданианд, Зарафшон! Туро намедонам, пай барӣ ё на, аммо ман тахмин мекунам, ки кўҳҳоро ҷунбонданӣ.
Синайи онро шикофтанӣ. Инро дер ё зуд хоҳӣ дид: вақте ки дар синаат ким-чӣ хел таркибҳоро монда тарконанд ва шахҳойи азим ба осмон хеста, воруна омада ба сарат зад, хоҳӣ фаҳмид. Ман дуздиву рустӣ бо он меҳмонони аҷнабӣ рў ба рў шудам ва аз ташрифашон пурсидам, гўянд, ки баройи обод кардани мо, баройи озод кардани мо аз шиканҷа, наҷотбахшон хоҳанд омад, то шуморо одам кунанд. Эй унсури пок! Магар мо кистем? «Короче, мы хотим с вас делат человека.» Ба худам гуфт: Одинсов гуфт. Э тавбае, наход мо бо он бузургоне ки дорем, бо он алломаҳое ки ифтихор мекунем, ҳанўз ҳам одам нашуда бошем? Ё ман сухани ўро намефаҳмам, Зарафшон? Ту зиёд дидӣ, ин чизҳоро хубтар аз ман мефаҳмӣ.
Дар қатраҳот ҷонам, дар чангат ҷонам, дар зарраҳойи ту поки покон мурам, ки ҳар гоҳ мани мурдаро зинда гардонӣ! Аммо чаро ин қадар бо худ бариву кушӣ, ман ҳайрон?! Рост, ту намекушӣ, онҳо худ мурданианд…

пешина
аз 421
навбатӣ