Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фиғони саг баромад, пасон сурфаи занона ва дарвоза боз шуд. Ба ҷои бихалифа як духтараки наврастаи дидадаро пайдо шуд.
— Бихалифа дар хонаанд? – баъди одоби салом пурсид Шарифа.
— Намоз мегузоранд... Марҳабо!
— Сабр мекунам.
Шарифа ё аз тарси саг ё аз сабаби нохонда буданаш дарвозаро пўшиданӣ шуд, духтарак нагузошт.
— Бихалифа фаҳманд, ки шумо паси дар мунтазир шудаед, хафа мешаванд.
Духтарак ё аз фаросат гуфт ва ё одати бихалифа чунин аст, ба Шарифа аҷиб тофт; баъзеҳо аз дарашон дароӣ, хафа мешаванд, бихалифа аз дараш надароӣ, хафа мешудааст. «Ҳо, баду неки дунёро медонад ин зан». Баъди андешаи зиёд пой аз остона дарун ниҳод Шарифа.
— Ин ҷо мунтазир мешавам.
— Ақаллан рўи суфа шинед!
Суфаи гилӣ андар миёнаи боғ буд зери дарахти сада. Ҳоло сада ҳам, суфа ҳам урён буданд. Миёни шохҳо лонаҳои холии зиёде боқӣ монда, андарунашон хазон ҷамъ шуда. Сафедорони гирдогирди боғ низ чунин лонаҳои холӣ доштанд. Дарахти олучаи паҳлўи харсанги сафеди пушти хона баргрехта ва мевааш пажмурдаву нимхушк ҳамоил буд. Шарифа ба ин чизҳо эътибор надод, гўсола ва барраҳои рўи боғ ҳам диққати ўро нарабуд. Ҳушаш ба дари хона буд, ки кай бихалифаи чашмбанду фаранҷӣ бар сар барояд.
Магар безобитагиаш аён буд, ки духтарак «ҳозир мебароянд» гуфт ва кори зарур доштагӣ барин ҷониби оғили таги адир рафт...
Бихалифа баромад. Чашмбанду фаранҷӣ надошт, балки кушодарў буд ва дурраи тоҷвор бастааш қоматашро болотар нишон медод; бихалифаи хушқомат дар чашми Шарифа аз будаш зиёд намуд: тоза, озода, дилрабо... ҳавасангез... пок. Ба саломи занонаи Шарифа, ки ду даст зери остин ба сари сина мебаранд ва хаёле тавозўъ мекунанд, ҳамчунон сар пеш хамида алейк гирифт ва домони дарози пироҳанашро бо соқи пой тела дода-тела дода, аз зинаҳои сангӣ фуромад; миёни кавши булғорӣ ва поҷомаи шерозадори рўи пояш ҳамхўрда сафедие метофт чу доси моҳ.
— Биёед, Шарифабону!
— Омадам, Бихалифа, шуморо дидан омадам... Сиҳат ҳастед?
— Шукри Худо... Худатон? Кўдаконатон? Аз Бурҳониддин хабаре ҳаст?
— Нест, хабаре нест... Омадам, ки чизеро бипурсам: оё дар ягон замон занон бо мардон ҷангидаанд?
— Ҷанги хонагӣ, авлодӣ ё ҷаҳонӣ?
— Қабилавӣ...

пешина
аз 421
навбатӣ