Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Будааст... хеле зиёд: ҷанги Рухшона, давлатдории Хотун, қиссаҳои зиёдро шунидаед, дар афсонаҳо кам нестанд ин хел занон... Ин чиз ба шумо чӣ лозим шуд, Шарифабону?
— ... донистанӣ шудам, ки зан ҳам ҷанг карда метавонад?
— Зарур ояд, раво бошад... Ба хона бифармоед...
— Миннатдор, Бихалифа.
— Барои ҳамин омада будед?
— Барои ҳамин... Донистан хостам, ки зан ба ҷанг хезад, маломат...
— Занон ҳамин чизро дониста аз остон бурун пой намениҳанд.
— Мешунавам, ки мардум маро девона хондаанд, минбаъд бароям зиндагӣ маънӣ надорад, ҷанг карданӣ ҳастам.
— Ҷанг? Бо кӣ?
— Бо Зуҳур-кофир...
Бихалифа хомўш монд ва бари камзўли пушт рафтаро пеш кашида, сар андохт ва ба нўги пояш нигарист, то чӣ гўяд. Чанде баъд сар боло карда ба Шарифа зеҳн монд. Ў низ ба замин, гўё мунтазири фармоиши Бихалифа буд.
— Маслиҳат нест! – қатъӣ буд овози Бихалифа ва Шарифа як қад парида ҳайрон нигарист ба ў:
— Чӣ хел?
— Ман азоби шуморо медонам... ҳама медонанд... аммо раво нест, ки худро ба панҷаи шер занед.
— Ман дигар роҳи осоиш надорам...
Садои сурфаи мардона омад. Шарифа саргирак пеш кашид, то рўй пўшад. «Эшонбобо» шавҳарашро дар назар дошта гуфт Бихалифа, ки аз ў рўй пўшидан раво набошад.
— Маслиҳати моро нафаҳманд...
— Намефаҳманд. Ба Эшонбобо мегўям, ки маслиҳати «мавлуд»
кардем.
Эшонбобо боз сурфид. Назди зани сафедпўшаш зани сиёҳпўши саргиракбасарро дида, сурфид. Бихалифа аз сурфаи шавҳар маънӣ кашида «Шарифабону» гуфт. Эшонбобо медонист, ки занаш ба номҳо иловаҳо мекунад, зуд дарёфт, ки зан Шарифа аст, вале мақсади ташрифашро намедонист ва пурсидан ҳам аз рўи одоб нест, зеро рўзгори онҳо чунин одобро талаб мекунад. Касе дар ҳаққи онҳо бад намегўяд ва онҳо ба касе кор надоранд. Бисёр касон наздашон барои маслиҳату машварат меоянд... Марди нуронии химчақомати сафедришро дар рўяш «Эшонбобо» ва дар ғоибаш Эшони Саид мегўянд... Ва ҳикоят мекунанд, ки аввалин касе, ки дар ин деҳа баъди харобиҳо манзил кардааст, бобокалони калони калони... ҳамин эшонбобо будааст; дар Тангно манзил кардааст, ки сари об аст, бод намерасад, ду соат дертар офтоб рух менамояд ва ду соат пештар тарк мегўяд. Аз домони деҳа то ин ҷо ҳамин қадар фарқ ҳаст.

пешина
аз 421
навбатӣ