Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Чаро усто Қодир бо Эшонбобо маслиҳат накарда...»
аз дил гузаронд Шарифа ва хост бо Бихалифа хайрухуш карда равад, саволи Эшонбобо ўро боздошт:
— Аз Бурҳониддин хабаре ҳаст?
— Нест, Эшонбобо,– ба нўги пояш нигоҳ карда ҷавоб дод Шарифа.
— Шунидам, ки аз деҳаҳои дигар чанд тан баргаштаанд, шояд Бурҳониддин ҳам баргардад.
— Қурбони нафасатон, Эшонбобо! – гуфт Шарифа ва шарм дошт, зеро зан шуда ба касе чунин сухан нагуфта буд.– Шод бошед, Бихалифа,– хаёлаш ноҷо гуфт. Бихалифа чӣ андеша кунад.
Ва дид, ки шом наздик, бо роҳи омадааш нарафт. Боғи бекаси Машрабиро деворпар гузашта, сўйи хонааш рафт. Даст ба чапардари роҳи мазор бурда, сурат гашт. Гўё дасташ дар чўби дарвағна часпид. Онсўтар паҳлўи дарахти чормағзи азим Бурҳонро дид.
Ҳайрон шуд, ки ў кай омада бошад; чӣ қадар ў роҳбонӣ кард, наомад, дар як лаҳзаи назди Бихалифа рафтанаш омадааст... Бурҳон аз буни дарахт ҷониби модар нигариста хандид. «Очаат мурад!»
фарёд зад модар ва аз гўрхонаи мазори паҳлў садое омад, ўро ба худ овард ва сурати Бурҳон аз паҳлўи дарахт ғайб зад. Ба назараш намудааст ва чунин ҳол ўро ба ташвиш овард: баданаш раъша карда, мўйи сараш рост гашт, дилаш воҳима кард. Дарвағнаро пуршаст кушод, то зудтар аз мазор дур шавад ва ҳарчанд кўшиш мекард, ки ваҳм ба дил нагирад, як ҳисси вазнин ўро пахш кард.
Бори дигар паҳлўи дарахт нигарист ва пои рафт боздошта, дуру дароз зеҳн монд, ҷуз танаи азими ноҷунбони дарахт чизеро надид:
«Намудааст ба чашмам» дарёфт ў ва якбора садо баровард: «Ҳа-а бадбахт!» ва мўйи баданаш дамид. Зери лаб чизе хонд ва сўйи дарахт «куф» кард. Лаҳзае ҳаяҷонаш паст шуд ва боз хуруҷ кард.
Саг фиғон бардошта омад, Сангин аз куҷое пайдо шуд ва модар дил бақувват медошт, то наафтад. «Ба назарам, гург буд он ҷо, садо кардам, гурехт...» Писарро ором карданӣ шуд, аммо худ ором нагашт... Бистарӣ шуд. «Наход, ки умри ман ҳам ба охир расида бошад... Наход, ки ба муродам нарасам... Наход Зуҳур ҳукмрон гардад?» Шарифа дар бистар паҳлў гашт, чашм ба дар дошт, ки ҳамон сурати дар паҳлўи дарахти чормағз дидааш аз дар медарояд. Охир, Бурҳон буд, чаро ин қадар тарсад аз писари худ. «Кӣ?» пурсид модар.
— Ҷўра! –ҷавоб дод Сангин.
— Ҷўра? Наход ў мисли Бурҳон шуда бошад? – ҳамлаи хестан кард модар, натавонист..– Ин ҷо биё!... Бурҳон, ки омад... гўед, ки назди Бихалифа равад ва пурсад, ки модараш чӣ ният дошт...
— Чаро ин хел мегўед, оча? – пеш омад Сангин.
— Барои эҳтиёт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё