Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

– Писарак даҳон кушода, ҳама чизро фаромўш кард ва мароқ дошт, ки занак боз гўяд: – Биё, ман, туро бурда нишон диҳам, ки ҷайра дар куҷо бачча мекунад... Биё, биё... Ана он камарро мебинӣ? Дар он ҷо не. Болотар харсанги хонамонандро мебинӣ? Он ҷо ҳам не. Болотар Ҷайрахона гуфтанӣ ҷой ҳаст. Ана дар ҳамон ҷо зери сўрохиҳои харсангҳо ҷайраҳо хафол доранд.
Одамро, ки диданд, сихашонро боло кунанд ва ҷониби душман тирвор парронанд. Дидаӣ? – ба аломати рад сар ҷунбондани писаракро дида боз давом дод: – Намедонӣ? Надидаӣ?... Болотар рўбоҳҳо зиндагӣ кунанд, рафтан гирӣ, гургҳо, хукҳо ва хирсҳо бароянд... Дар паси ин кўҳ се шахи азим ҳаст: яке Гаҳвора ном дорад – шаклаш ба гаҳвора монанд; дигаре шахи Чукка – монанди кулоҳи қаландар; саввумӣ – шахи Ҳисор, гирдогирдаш шахчаҳои зиёд посбонҳо барин меистанд. Ана дар ҳамон шахҳо кабкҳо ҷамъ омада, рўзҳои офтобии зимистон тўй мекунанд... Ин чизҳоро ба ту касе гуфта буд?
— Не.
— Ҳамроҳи мо гардӣ, бисёр чизҳо мегўям...
Ва он чизе, ки Шарифа хаёлу пиндор мекард, баъди се рўз овоза шуд: духтари Зуҳур ҳамроҳи писараш ғайб задааст. Аввал Зуҳур эътибор надодааст, баъд ҷуста, дарёфт накардааст. Дар таҳлука монда, барои аз қадом сафари муҳим маҳрум шуданаш ҳам духтарро дашном додаасту ҳам Бурҳонро... Ин ҳарфро Моҳбӣ овард ва Шарифаро ангехт, ки Бурҳон ин ҷо мебуд, он хуки ваҳширо ба ҳолаш намемонд. Дар дили Шарифа оташ зад ва гўё чизе нашуда бошад, порчаи нонро дар остини саргирак андохта, тори сар гузошт ва рони росташро бардошта, чиллакро тоб дод ва пашм ришта бепарвою беғам аз дарвоза баромада рафт. «Дина, парер, перор таку боло давидани писаронатро дида, ҳайрон мондам, ки ба шумо чӣ шуда бошад, хайрият – осуда будаед...» Гуфту рафт, аммо ин ҳарфҳо ҳоло ҳам дар гўши Шарифа садо диҳанд..
Ў вақти омадани Моҳбӣ пушти бом буд. Зуд фуромада, ба писаронаш фармуд, ки Ёдгорро гирифта, паси боғ раванд ва баъди рафтани пиразан оранд. Ёдгор дар паси боғ онҳоро безобита кард:
ду пой ба як мўза хаста, ки модарамро ёфта деҳ. «Очет пеши отет рафт, баччем, пагоҳ ба ту савғои зиёде бардошта меорад», ором карданӣ шуд Шарифа...
Шарифа бемориашро фаромуш кард; пайдо шудани кўдак, ғайб задани Норӣ, ташвиши кўдакону асп дарди ўро рабуд. Шабу рўз кирдори Нориро андеша кунад ва аз худ пурсад, ки дар куҷо саҳв шуда бошад? Гуноҳи худи Норӣ. Аммо ин қадар вақт сабр карда, имрўз ба чунин хулоса омадан чӣ маънӣ дошта бошад: «Очаат куҷо меравам, гуфта буд?» суол тайёр кард барои кўдак, аммо аз раъяш гашт, алами ўро тоза кардан нахост, базўр одат кард ба ў, ёд орад, боз ғаш кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё