Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Ман нони қоқу чормағзу туғдона кўфта будам, мехўрӣ?» ба ҷои саволи тайёр кардааш пурсид Шарифа.
— Не! Ман пеши очем мерам! – по зада аз бағали ў фаромадан хост Ёдгор. Ёдгор номи гузоштаи Шарифа, модараш Ҳасрат ном додааст.– Сар тед, пеши очем! – худро пушт андохта ғаш кард кўдак, Шарифа аз тарс ўро оҳиста ба замин гузошт. Кўдак дароз кашиду сар ба замин задан гирифт; сахт-сахт зад ҳамчу ҷафокашидаи бегуноҳ.
— Ин хел накун, баччем, сарат кафад, ягон духтар ба ту намерасад.
Тифлак маънии ин суханро нафаҳмид. Сар ба замин мезад, ки ягона роҳи тасаллӣ ҳамин бошад. Сангчаи сиёҳи холмонанд ба сари ў фурў рафт ва ў фиғон бардошта, дод зад.
— Ман дили гирябардор надорам, баччем, дили ман аз дили ту ҳам хурд шудагӣ, мусича паррад, ларзад, тобу тоқати гиря надорад...
Ёдгор нафаҳмид чунин ҳарфҳоро...
— Имшаб дар поёни деҳа, гург омада, хари Рауфбоборо хўрдааст..
Хап шуд писар ин хабарро шунида, зеро медонист, ки гург баччаҳоро мехўрад, аммо хар хўрданашро намедонист. Ба Шарифа ҷафс шуд. Шарифа дарёфт, ки ў аз гург метарсад: «Ман мекушам ўро, луллиро мекушам!» – мушт ҷониби дар таҳдид кард.
...Ва ҳамин вақт коре шуд, ки набояд мешуд: Моҳбӣ даромада омад; дарвозаро накўфта, садо надода: яку якбора дарвозаро кушода даромад ва Шарифа натавонист писаракро пинҳон кунад:
«Бирав, баччем, тохта назди саманд бирав!» оҳиста ба Ёдгор гуфт Шарифа, аммо кўдак маънии сухани ўро нафаҳмид ва то фаҳмонданаш Моҳбӣ даст дар миён наздик омад
— Чӣ мегўед, ки Зуҳур аз тамоми музофот обдонҳоро оварда, аз Дупулаи Зарафшон андохта, то паҳнои Хўҷапанҷ таку рўи рўдборро кобондааст, аммо духтарашро наёфтааст... Духтар – гум.
Норӣ зими сиёҳ задааст.
Писарак баробари шунидани номи бобову модар аз зери домони ҷомаи Шарифа баромад. Вале Моҳбӣ аҳамият надода, суханашро идома дод:
— На худаш пайдову на писараш,– ў бозистод, писаракро дид, хуб зеҳн монд ва пурсид: – Ин кист? Ин баччаи кист? – пеш омад ў.– Дар чашмот ҷонам, баччаи кӣ мешӣ?
— Ин хоҳарзодаам, башкон Роч рафта буданд, ҳамроҳ оварданд...
— Хоҳари шумо Шаҳрбону дар Роч-а? Волло ман ин кўдакро дар куҷое дидаам... Дар чашмот ҷонам, дар куҷо дида бошам, туро?
— Агар Роч рафта бошед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё