Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои Оқпошшо пул ғун меорад, андоз мечинад; боз ким-чӣ хел зарфҳои тиллоӣ лозим будааст, ки ману ту надорем. Ё ту дорӣ?.
— Дорам, се дона тилло дорам...
— Ту донӣ-Худо?
— Писаронам тиллои мананд...
Моҳбии сипоҳ пушаймон вонамуд кард худро, вале дар дил андешаи дигар, сухани аввалро идома дод:
— Оқпошшо он қадар афтода будааст, ки ба тангаи ману ту эҳтиёҷ доштааст... «Ба ту чӣ?» гў-я. Роч куҷову ман куҷо? Феъли бада Худо гирад: як гапа то ба тагаш нарасонам, як кора то ба субут наорам, илмам қарор намегирад... Медонистам, ки ин тифлак набераи ту, Шарифабону, шояд сухани ту рост бошад, гуфта, Роч рафта омадам...
...Ва бародарон донистанд, ки Ёдгор бародарзодаашон, дар дил кароҳат пайдо шуд. На аз он ки тифлак додарзодаашон аст, балки аз он ки нафрат ба модар ва бобои ў доштанд... Кўдак муносибати онҳоро дида ҳайрон монд; ба бибӣ менигаристу ба амакҳо, чизеро сарфаҳм намерафт. Аранге пай бурд ва дарёфт, ки муносибати эшон дигар шуда бар ў; нигоҳаш намекунанд, назди асп намебаранд, нонашро «шутур» намекунанд, сари сандалӣ нишаста, гандумбирён ба нўги забон чида намехўранд, рўи хона чормағзбозӣ надоранд, гўштӣ гирифта худашонро зер андохта, ўро ба рўи шикам намедоранд, тори бом барфтозакунӣ намебароранд... табассумашон гум шуда; ўро бардошта, бар гардан наменишонанд, зери каш дошта «Барра мефурўшем, кӣ барра мехарад? Арзон кардед, нишон намедиҳем!» намегўянд. Гўё замоне буду бигзашт; кампири маданги сиёҳ омаду ҳамашро барбод дод:
кӣ ва аз кадом хонадон будани Ёдгорро донистанд, тирашон хок хўрд – аз ў гурезон шуданд.
— Қаҳри Худо меояд, мефаҳмед? Қаҳри Худо! – сўйи писарон дод мезанад модар ва кўдак тарсида ба фиғон медарояд. Шарифа ўро тасаллӣ дода ба банди дил пахш мекунад, то ором шавад.
— Бурда ба бобош тед, оча! – маслиҳат барин гуфт Ҷўра. Вале модар як қад парида, гўё дил аз кор монд. Нафасе худро эҳтиёт кард, то кўдак напаррад аз сари дасташ. Кар буду гунг ва намедонист чӣ ҷавоб гўяд. Андаке сабр кард, ки шояд Сангин чизе гўяд.
Ў сурфид. Ё ҳарфе надошт ва ё сухани бародарро тасдиқ мекард; андешаманд буд ҳамчун бузургон. Сархам, чанд қадам рафт, бозистод, боз бирафт то пеши Саманд: «Ту чӣ мегўӣ?» Саманд садо шунида сар бардошт, гўш сих кард, сар афшонд. «Гуноҳи кўдак не-а?» Ин дафъа Саманд пой кўфт. Сангин наздик рафта, ба гўши ў садои паст кард: «Айби ту Саманд, беқарорӣ намекардӣ, сар мефаровардӣ, Ҷўра ин қадар асабӣ намешуд... Вай асабӣ. Гумон мекунад, ки ин бачча ба рўзгори мо бало меорад; шуми сархўр, мегўяд... Аламаш сахт: барои падарам, барои бародарам... Ин чизро танҳо ман мефаҳмам: ғами бародарро бародар медонад.

пешина
аз 421
навбатӣ