Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷанг кунад ҳам, боке нест – лагади аспро асп бардорад... Ту надидӣдия, Саманд, падарамро медидӣ, бе ҳеҷ нағма маро савор шавад, мегуфтӣ; ман писари ҳамон одам, Саманд... Ба назари ту ҳақир, гаргин, назарногир, гарданаш миёни шонаҳояш фурўрафта, як сағири бекас метобам... оташ надорад чашмонам, аз ин рў писанд намекунӣ. Лекин бидон, ки ман писари ҳамон устои ҳунармандам.
Зинда мебуд туро бо ҳар ҳунар савора мекард... аз ҳунармандии ў ба мо бародарон чизе намонда... гули зағир барин монда буд, ки ба ту якамех сохтам... Биё ба гап даро, Саманд, ман ба пуштат зин занам, савор шавам, маро ба дуродур бубар... ба пеши Бурҳон, то ўро пайдо кунем, ҳам туро соҳиб шаваду ҳам писарашро... Вагарна Ҷўра хито шуда, балоеро сар мекунад: Падарамон-ку мурд аз ҷаври эшон, вале Бурҳонро чаро фиристоданд, мегўяд... Боз он писаракро бад мебинад, аз тухми Заҳҳок, мегўяд...»
— Зуҳур замину осмонро ҷанг андохта гаштааст, оча... Агар донад, ки наберааш дар хонаи мо, хокамонро мебезад...
— Натарс, Ҷўра, одам буздил намешавад, худам мебезам хоки ўро! Сад хайф, ки Саманд савора нест...
...Ба Ҷўра сахт расид ин сухан; ба Ёдгор теғ кашида нигарист, ба Сангин гўшаи чашм кард, ба модар чизе нагуфта, ҷониби боғ рафт.. «Ман мурам, Сангин мемонад-ку... Ё ўро ҳам барои ман шуда... Он гоҳ тухмаи усто Қодир нобуд мегардад... Агар монад, Ёдгор мемонад аз тухми Заҳҳок. Зуҳур парвариш мекунад, ин тухмро, сабз мешавад ва... маълум нест, ки чӣ мешавад...»

Рўзе ки Зуҳур обдонҳои хўҷапанҷиро киро карда, аз зери пулҳои
Дупула то паҳнои Хўҷапанҷ мурдаи Нориро ҷустанд, даҳҳо мурдаи
кўҳнаву тоза пайдо шуд, аммо дар миёнашон Норӣ набуд; лаблаби Зарафшон савора гашт, камарҳоро хабар гирифт, подабону
даштбонҳоро пурсид; аз заршўву моҳигирон нишонаҳои ўро ҷўё
шуд, аммо касе дарак надод. Ҳар рўз ба аспи сиёҳаш савор шуда,
аз карда пушаймон, сари бораи Дупула мерафт, марзаи ба андозаи
сандалӣ ҳамворро, ки одатан аз он ҷо ҷафодидагон худро ба оби
ороми зери пули Калон андохта, гум мешуданд, хабар мегирифт;
он ҳамвории монанд ба тахти навҳокимро медид, ки зоро нишонае
аз духтар боқӣ монда бошад. Чизе дарёфт накарда, ба андеша мерафт, ки духтарон аз худ нишона нагузоранд, ҳатто рўймоли аз сар
паридаро гирифта, чашм баста, хешро ба об андозанд... Бисёранд
онҳо ва ҳар касе, ки худро аз ин бора ба Зарафшон андохта бошад, қисса дорад; қиссааш баъди сараш миёни мардум афсона
мешавад. Одамон миёни худ дар ин хусус баҳс кунанд, кӣ ҳаққу
кӣ ноҳақ буданашро гўянд, аммо дар зиндагӣ ба ёди касе наояд,
ки чунин моҷарову фоҷиаҳоро таҳлил кунад. Яке аз дасти шавҳар,
яке аз дасти модаршў, дигаре аз захми забон, оне бо гуноҳи хеш ва бисёриҳо аз ҷабри замона ба гирдоби бало гирифтор шаванд...

пешина
аз 421
навбатӣ