Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пасон ба сурати одам гаштааст. Малика хоҳарашро нашинохта фарёд задааст.
Ў ҳарчанд даҳони Маликаро дошта, «ман – хоҳарат» гуфтааст, арўс ба худ наомадааст, балки пои ишкелзадаи дарози қоқ ба замин кўфтааст. Ҳоҳар ба равзана ишора кардааст ва Малика он сў нигариста, таноби кашолро дида, ба пою дасти баста ишора кардааст... Хоҳар занҷири бо ресмон бастаи дастро кушодааст, вале дасти ногирояш натавонистааст, ки ишкели поро кушояд...
Бо машаққате қуфли амонатро кушодааст... ҳа, ба қавле пойҳои Малика то ҳадде хароб шудаанд, ки пой аз ҳалқа баромадааст...
Хоҳар нўги ресмонро ба миёни апа баста, ба китфи ў бор шуда, ҳамчу дорбоз ба ресмон часпида баромада, баъд ҷуссаи лоғару адои апаро кашида баровардааст. Хона бурда, мувофиқи ҳол парасторӣ кардааст ва як пагоҳ гум кардааст Маликаро... Ин ҳамон, ки медонӣ, Шарифабону, ҷаноза раво нест, гўён муллоён фатво додаанд ва мурдаашро се-чор камбағал бурда, дар як гўшаи қабристон ба хок супурдаанд...
Шарифабону мегўм, Худо гирад марди беақла, туя чию ба зан рашк кардана чӣ? Ҳамун девонаи писари аробакаша мегўм: мусича лаби бомаш шинад, рашк мекардааст; муш дар таксандуқаи хонааш қитир-қитир кунад, рашк мебурдааст, азоб медодааст занашро, ки ошиқат омад; чўпоне дар лаби теппа пайдо шавад, барои ту ҳозир шуд, мегуфтааст; марде аз кўча ба ин тангкўча дарояд, тозон омада аз зан мепурсидааст, ки марди омадаро куҷо руст кардӣ? Хар ҳанг занад, барои ту ҳанг зад, мегуфтааст... А, Шарифабону? Худо гирад чунин шўя. Аз чунин шудорӣ бешў бошӣ, сад тилло... Ва боре сахт гирифтааст он девона: чаро падарам аз хонаи мо баромад?
гуфта, ба қоқаки тори сари зан чунон задааст, ки... ба дамгаҳаш, ба миёни пояш он қадар лағаткорӣ кардааст, ки... гуфтасту кўфтаст, кўфтасту гуфтаст то нимҷон шудана... ва миёни ду намоз мардум дидаанд, ки бечора ҷониби Зарафшон рафтааст; Ҷавонмаргаш духтари Мулло Дароз буд, ки писари қозӣ аввал мегирам гуфта, сонӣ нагирифтааст...
Э-э-э... қадом яки ина гўям, Шарифабону?
...Ва ривоят кунанд, ки вақти ба нн диёр сафар кардани Бибихонум, ба рўди Зарафшон афтидани духтаракеро дида, амирзан фармуда, ки дар ин ҷо пул созанд, то дигар духтарон наафтанд.
Пулҳои Дупуларо сохтанд. Занҳо ҳоло ҳам аз тори пул не, аз ҳамон суфачаи тори шахча худро ба об меандозанд... Ҳоло ҳам лаб-лаби рўди Зарафшон мурдаҷўӣ кунанд, ҳоло ҳам мурдаҳои нав пайдо шаванд, аммо Зуҳур мурдаи набераашро ҷўяду наёбад.
Ва кампири Моҳбӣ ё аз дилсўзӣ ё аз содагӣ ё аз муғамбирӣ ё барои дили писаракро об кардан чашмони ашколудашро сўйи бачча тофта, гўяд:
— Дар чашмонат мураме, рўи хунуки модарро надидӣ.

пешина
аз 421
навбатӣ