Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

ва баъд шариатпаноҳони одамкуш гуноҳро ба сари пули хиштии Бибихонум зананд, ки он зан – зани Темури Ланг рўи шохобҳои рўди Зарафшон пули хиштӣ сохт ва занонро бебода кард: гўё аз ҳамон рўз инҷониб мардон ба занон аз бинӣ боло гап зада натавонанд, ҳарчӣ гўянд, он шунаванд. Рафту гап напухт, зан таҳқир шуд, роҳи халосиро сари бораи Дупула донад...
...Танҳо як мурда ба мурдаи Норӣ монанд омад: ҳамон мурдае, ки ба шохобчаи миёни дарёбод рафтааст: аз миён боло берун аз об буд. Чашмонашро зоғон кофта, рўйҳо харошида, либосаш ҳуллида, ду милаи сиёҳаш бо ҷамолак ба ҳам баста, як саибаи бекасро мемонд. Зуҳур аз қаду басташ ўро Норӣ дониста, ба чакманаш печонда овард, ба хок супурд... вале мурдаи набераашро наёфт...
Модари Норӣ гуфт, ки ин мурдаи духтарам нест – нишонаҳое, ки Норӣ дошт, дар ин майита нест; нори паси гарданаш ҳам нест, Зуҳур гўш накард. Духтарро ба хок супурд ва дигар ёдаш накард.
Агар аз ў пурсанд, ки модарро ёфтӣ, писараш ку, девона мешуд...
Боз ба асп менишаст қад-қади Зарафшон мерафт, ба обдонҳо мефармуд, ки поёнтар раванд, аз Панҷакат ҳам поёнтар, зеро кўдак рўи-рўи об дур меравад... Ва кофтанду кофтанд, ба синну соли ў мурдаи мувофиқ наёфтанд. Дар чунин синну сол тифлон худкушӣ накунанд, магар ки тасодуфан ба об афтанд...
Ва навбат ба кампири Моҳбӣ расид:
«Он марди дар ҷувол мурда шўи як ҷавонзани ҳурлиқо будааст. Он ҳурлиқо ошиқе доштааст. Илоҷи бо маъшуқа ҳамҷогаҳ шуданро наёфта, шўи ўро кушта, ба ҷувол андохта, ба рўд партофтааст, то ба муродаш расад. Шарифабону, ана он занаке, ки ҳама ҷояш сиёҳ шуда, зери реги Дупула мондааст ва ҳоло ҳам рўймоли сахтбастааш чашмонашро пўшида аз олам медоранд, аз худи саргаҳи Зарафшон будааст. Одамонаш омада, шинохта, бурдаанд ва гуфтаанд, ки ҷавонмарг ба як даҳан гапи падаршў, ки «ту чаро намезоӣ?» гуфтааст, чашмонашро баста, аз рўи пули Ларзон худро ба Зарафшон андохтааст... Э-э-э, хунхор аст ин Зарафшон! Ҳар сол бешумор мекушад занонро. Ба кӣ гўям дардамро, Шарифабону! Мудҳиштарини маргҳо марги Малика буд: ўро аввал девона карданд; дар коҳдон ҷой доданд, дар сагкоса пешаш обу дон гузоштанд, ба пояш ишкел заданд, ба дасташ занҷир бастанд.
Мўи сараш рехт, нохунаш як ваҷаб рўид, тарру хушкаш якҷоя шуд. Овоза шуд, ки модаршў ба ў мағзи сари хар хўрондааст.
Танҳо барои ўро ҷалоҷин гуфтани арўс; боз оварданд, ки банги девона хўрондааст модаршў. Модар ба писар шарт мондааст, ки аз баҳри занат мебароӣ ва шавҳар, ки занашро дўст медоштааст, ҳарфи модарро рад кардааст ва баъди девона шудани арўс шў дил накардааст, ки ронад... Рўзе аз рўзҳо аз равзани коҳдон кулўлае ба рўи коҳ афтида, пеши пои арўс ғелидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ