Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ёдгор девро дида ларзид ва сухани модараш ба ёд омад, ки ба ин роҳ нарав, гуфта буд. Ҳарфи модарро гўш накард, инак – пушаймон. «Паҳ-паҳ, бўйи одамизод; як луқман хомат кунам!» хитоб кард дев ва аз баландӣ ба писарак нигарист.
Ҳамин қадар деви дароз буд он. Писарак аз тарс кару гунг шуд ва гумон кард, ки зинда ба коми дев рафт. Яке баданаш ларзид, ба худ омад: Исми Аъзамро хонда, сўи дев куф кард ва кордчаро ба даст гирифт, ки дев зинда фурў барад, бо кордча дарунашро чок карда барояд... Баҳодур рў ба осмон оварда, аз Худо талабид:
ё ҷонашро бигирад ва ё бар дев пирўз гардонад. Аз Худо нидое наомада, дев баҳодурро бо либосу чизу чорааш фурў бурд: бо ду ангушташ гирифт, боло бардошт ва даҳонашро кушода, андохт.
Баҳодур баробари ба гулўи калони дев фурў рафтан кордчаи алмососо тезашро рост берун зад ва дамашро нишеб дошт. Баҳодур, ки аз гулўи дев гузашта буд, зер мерафт, корд шиками онро чок мекард. Дев бехабар, Ёдгори баҳодур аз дарунаш зинда баромада гурехт. Дев шиками чокашро дошта, чанде аз паси ў давид ва дар нимароҳ афтиду мурд.
Ёдгор кордро ба остини куртааш пок кард, ба ғилоф андохт, роҳашро идома дод... Рафту рафт, расид ба харобае. Дар хароба мурғе буд. Ҳақ мегуфт ва садояш аз ҳар ҷо мебаромад... Гирду атрофи хароба пур буд аз устухони одамӣ: сарони ҷудо, дасту пойҳои ҷудо ва искилети барқади одамӣ; ба назар ҳама сарҳо даҳони хандон доштанд... Воҳимааш афзуд ва хост аз канор равад аммо мурғи ҳақ тори сараш давр мезаду ҳақ мегуфт; ўро андармон медошт, то пеш наравад. Баҳодур ба мурғ эътибор надода гузаро шуд ва корд аз ғилоф кашид, то ба мурғак ҳамлавар шавад, корд бизанад. Баҳодур якбора бозистод ва андеша кард, ки шояд яке аз ин сарҳо сари падари ў бошад, зеро ў низ ба хотири ҳақиқат аз хона баромада буд. Ў, ки падар надида буд, миёни сарҳои устухонӣ сари падар нашинохт. Мурғи хақ гирди сари ў гашту гашт, таниду танид ва ў дид, ки танаи сабадшакл пайдо шуд бар сараш. Корд ронд ў, аммо кордаш тораҳоро набуррид. Тораҳо меёзиданд, боз бар ҷо меомаданд. Баҳодур донист, ки ин кор лоилоҷ аст... вале боз корд ронд. «Накун ин корро!» садо омад, садои одамӣ. Баҳодур боло нигарист, касеро надид, атрофро чашм чаронд, касеро надид ва тўр ба сараш афтид. Дасти корддори ба сар бурда низ андаруни тана бимонд. Тораҳои борики танаро бурридан хост, тораҳо меёзиданду канда намешуданд. Арра кард кордро ва бофтаҳояшро аррид. Тораҳо ғўла шуданд, канда шуданд ва бофтаҳо яла. Тофтаву бофтаҳои тўр парешон гаштанд ва бод онҳоро ҳамчу тораҳои мўй пеш андохту бибурд.
Мурғи ҳақ тори сари ў мегашту «ҳақ» мегуфт, пар-пар мезаду баландтар мерафт ва бозӣ дошт ҷўросо. Гурезон шуд. Дар садояш тарсу ларз ҳувайдо буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ