Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Тамошо буд. Ҳатто касоне, ки бо коре ба ҷое рафтагор буданд, паси маслух кашола шуданд ва сагҳои бўйгир паи маслухро бўй кашида, аз дунбол меомаданд... Барои онҳое ки аспи Зуҳурро шинохтанд, ҳавасангез буд, то куҷо баранд? Ба ҳавлии соҳибаш ва ё ба ягон обканд бурда, гўр кунанд?
Хомўш мебурданд. Фақат Моҳбӣ бо химча ба баччаҳо таҳдид мекард, ки дур раванд; газандаву зананда будани Самандро мегуфт.
Вале баччаҳо аз шунидани ин ҳарф рағбат зиёд карданд ва аз ў пурсон шуданд, ки ин аспро кӣ кушт? Куҷо баранд? Ва Моҳбӣ шамшеросо химчаро тори сари онҳо ҷавлон дод: «Қафо истед, баччаҳо! Дар чиллаатон чароғ надидаед? Гўшт лозим бошад, аз соҳиби асп мегиред!»
— О, сари асп нобуррида-ку? Ҳаром-ку?
— Барои шумо ҳаром, барои соҳибаш ҳалол. Равед ба коратон!
...Маслухро бехи сангдевори боғи Зуҳур партофта, лаҷоми аспро аз дасти модар гирифта, ба пасашон нигоҳ накарда, баргаштанд. Баччаҳо гирди маслухро гирифта, ҳар чӣ гуфтанд ва аз сари девори Зуҳур нигаристанд, ки Забури девона баромада, ба «аспаш» савор мешавад.
...Ёдгор аз паси онҳо кашола шуда рафту омад. Ҳама дидаҳо бори дигар пеши назар орад, аммо лаёқат надорад, ки амиқ дарк кунад, таҳлил кунад ва сабаби ҳамагуна кирдорро фаҳмад. Андешааш ба қадри ҳол. Дигарон андеша доранд оқибати ин корҳоро.
Дили модар тапад, номураттаб тапад ва сахт-сахт ба тахтапушташ бархўрад. Ҳаяҷонаш аз он нест, ки чунин кард, аз он аст, ки ҳамин замон аз сари девори мазор сарҳои зиёде пайдо шаванд, ўро мисли маслух ба гардани Саманд банданд ва сарафзорашро гирифта, тозиёна зананд ва аспи шўх ўро вазза карда, то назди маслух тозад ва мурдаи саркафидаву хунафшони ўро он ҷо гузошта, бол бароварда, ба осмон паррида равад... Хам шуда дар ғиҷобаи таги ҷўй дасту рўй шуст Шарифа ва боз ба тангкўчаи мазор нигарист, ки одамони Зуҳур наоянд ҳам, Моҳбӣ ягон хабар биоварад...
Моҳбӣ барнагашт. Баъди маслухро буни девори боғи Зуҳур партофтан рост ҷониби хонақоҳ рафт. Бар нўгчўбии зерсинҷи он нишаста, чашм ба ҳавлию дари Зуҳур дўхт, ки кай аз хона баромада ин ҳолро бинад ва чӣ тадбир андешад. Нишасту нишаст, бо буми дар гўшаи дорбоми айвон сукут варзида чашм ба чашм нишаст ва дид, ки муроде ҳосил нашуд, бархосту доман афшонд, Санглох фуромад.
Баччаҳо ҳоло ҳам гирди маслух мегаштанду тамошо доштанд; чӣ ранг мурдани онро аз ҳамдигар пурсиданду посух наёфтанд.
Ва наздики намози аср Зуҳур аз хоб бедор шуда, андаке рўҳаш тоза зери дарахти тут ҳамёза кашид ва ғалмағали кўдаконро дарвоза шунида, бурун омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо