Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Охир ў далел меорад, ки майита бинти ў нест! Ҳамроҳи писараш ўро дуздидаанд. Писарро дар хонаи ту дидаанд, аммо духтар-гум.
— Ман гуфтам, ки он кўдакро аз буни девори мазор ёфтам.
Писаронам шоҳид... Мо он субҳ рўи барфи тоза нақше дидем, ки кўдакро ба рўи барф хобонда баргаштааст...
— Хўш...
— Агар шумо қозии худотарс бошед, аз рўи адолат ҳукм кунед. Ҳама гапро аз рўи салоҳалмўъминин мегўям, агар не, сарашу равғанаш.
— Хў-ўш, чӣ гуна будааст он?
— Чанде пеш духтари ҷанобашон писарчаашро ба дарвозаи мо овард, фармуд, ки ин писар аз хуни усто Қодир аст ва бояд ман қабул кунам. Сабаб пурсидам. Гуфт, ки аз ҷабри падар на ба ў рўз ҳасту на ба писар. То ки ҳама дар гуноҳ нағўтем, ман набераро гирам, ў аз деҳа баромада равад. Ман рад кардам... Ба худатон маълум, ки Бурҳон бедарак аст ва ман намедонам, ки дар ҳақиқат ў набераи ман аст ё...
— Даҳаната пўш, безот! – тоқат карда натавониста барҷаҳид Зуҳур. – Дидед, тақсир, ин берўзӣ чиҳо мегўяд. Яъне, сад дар сад гунаҳгори фоҷиаи духтари ман шудааст!
— Охир, ту чӣ мардӣ? Як дам мегўӣ, ки вай намурда, як дам мегўӣ, ки вай мурда? Имон дорӣ ё не?!
— Ором, осуда бошед! – миёна даромад қозӣ. – Яъне шумо аз худкушии ў бохабар ҳастед?
— Не, аз худкушиаш хабар надорам, аз баромада рафтанаш огоҳ карда буд. Маълум, ки кўдакро ў оварда болои барф партофта рафтааст... Ва ҳоло он кўдак гум...
— Чӣ хел? – фарёд зада хест Зуҳур.
— Дар рўзи равшан аз паси мо ба фарози Зонушикан мерафт, зими сиёҳ зад...
— Ман ин ҷалоҷинро ҳамту намемонам, қозӣ.
— Ман гумон мекунам, ки ё модари ў зинда ҳасту хомўш дуздида гурехтааст ва ё кори ин пирсиён аст, – ба Зуҳур ишора кард Шарифа.
— Дидед, чӣ хел тўҳмат мезанад.
— Қозикалон! Агар гўркардааш духтари ў набошад, духтар зинда ва ин кори ўст. Агар не, ман аз ин дузд домангир мешавам!
— Бурҳон надорӣ барои ин!
— Магар ў далелу бурҳон дорад, қозикалон? – паст наомад Шарифа. – Шояд далелу бурҳон неву рўи хотир чизи аввал бошад?
Қозикалон! Шумо медонед, ки усто Қодирро аз рўи ҳунараш дар ҳама ҷо рўи хотир мекарданд. Чун худаш нест, рўи хотираш ҳам рафтааст... вале ман намурдаам! Сад Абўзуҳурҳоро хомохом фурў мебарам... Дониста бошед, ки ман зан не, мард ҳастам! Миёни пой эътибор не, қозӣ!

пешина
аз 421
навбатӣ