Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

– Шарифа бархост, ки равад, ба писаронаш ишора кард, то берун шаванд.
— Мо ҳукм набаровардаем!..
— Бароварда ҳам наметавонед! Ҳеҷ чиз намедонед, чизе равшан нест... Даъвогари пасти шумо қозиро муттаҳам кунад; аз ягон тўҳмат рў нагардонад. Ман ба хотири он ба қозихона омадам, то донам, ки дар дунё адолат гуфтанӣ чиз ҳаст ё не? Гумон доштам, барои шавҳарам, барои писарам маро ба қозихона хондед, то собит гардонед, ки онҳо нодуруст ба баталиони коргарӣ фиристода шуданд; барои хуни усто, барои беному нишон шудани Бурҳон доди ин номусулмонро бидиҳед... Барои ҳамин омада будам...
Гумон накарда будам, ки барои ҳайвонро куштани ҳайвон, барои мурдаро зинда гардондану даъво кардани ин гўсолачашм маро ба қозихона даъват мекунед! Аз ин пеш ҳам занеро ба қозихона даъват карда будед?
— Рўинатан будаӣ, зан! Ба ҷои он ки ман туро бозпурс кунам, ту маро истинтоқ мекунӣ? Гўё додгустар ҳастӣ ё додхоҳ... Ҳоло дар олам зан қозӣ нашудааст, ки ту шавӣ. Қавли раммолзан дуруст барин: замин рўи об мелаппад...
— Инак фаҳмидед, ки ин чӣ гуна занак будааст?
— Ҳо, фаҳмидам, Абўзуҳур, аҷали шумо...
Зуҳур як қад парид. Андаке худро пас кашид ва аз ҳукми қозӣ ҳайрон монд:
— Бирав, зан! Лозим шавӣ, боз ҷеғ мезанем...
— Ин дафъа худам меоям, қозикалон! Сари ин рўймолбасарро мехўраму худам меоям...
Шарифа баъдтар асабӣ шуд, аммо Зуҳур ҳамон вақт асабӣ шуда буд. Он вақт Шарифа дида буд, ки марди шикамдори пўсти зери манаҳаш кашол на танҳо рўбоҳи маккори домсоз аст, балки ҳайаташ низ ба сурати одамӣ намонад; кингураеро монад, ки дар саноҷи зери шикамаш бачча бардоштааст. Ҳолиё Шарифа бо ин махлуқи безеб хаёлан рў ба рў; дар хобаш бинад, тарсад, гурезад, вале хаёлан набард кунад: гоҳ аз пас омада, як калтак ба тори сараш зада кушад; гоҳ ба гарданаш ҳалқа андохта пушт кашад; гоҳ дар шасти тохти Саманд шамшер зада, сарашро парронад; гоҳ паси шонаи чапаш корд занад... ба худ омада аз изтироби зиёд сар афшонд: «Бесоҳиб монад ташвиши дунё!» гўё ба ҳамааш дунё айбдор бошад. Дар хобаш ҳам, дар бедориаш ҳам; вақти кор ҳам, вақти хоб ҳам андеша дорад, ки бо чунин сурат чӣ гуна муносибат бояд кард? Чӣ сон мубориза бояд бурд? Ба ҳар ҳол ба хулосае ояд, ки зан буданаш пеши роҳашро гирад: ё аз ҷиҳати зўр ё аз бобати майдон.
— Пуштанги аспро таранг бикун! – фармояд ба Ҷўра.
— Хумори саворӣ сахт-а, оча? – рафтори очаро ҳавас дониста пурсид Ҷўра.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо