Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Кори сипаҳсолор омад кард: душманонро забун сохт ва марзи давлатро фарох гардонид.
Эътибор ва мартабаву обрўйи Файлақус миёни мардум боло шуд ва ўро шоҳ донистанд. Шоҳзода Амрита дастнигар шуд ва баъдтар домоди Файлақус гардид...
Файлақуси II сиёсати ҷангӣ пеш гирифта ва нимҷазирайи Балканро дар тасарруфи хеш даровард. Ва чун марди тавонову доно баройи баланд бардоштани фарҳанги қаламрави хеш зиёд кўшид.
Чун дар кишвар донишмандони комил, шоирони бузург ва санъатварони воло кам буданд, рў ба Юнон овард. Лашкар кашид, то ин мулки ободу дар айни замон аз ҷониби порсҳо – Дориюшу Ҳишоёршо тороҷгаштаро дар тасарруфи хеш оварад... Пасон орзуйи ҷаҳонгирӣ кард, алорағми харобкориҳойи порсҳо...
Вале Искандар огоҳ набувад аз ин савдо. Пиндорад шоҳзода ба дунё омада. Ва чун кунад, то монанд бошад ба Зевс, Геракл ва Ахилл. Ва пораҳойи достони Арасту ёдаш меояд, ки Гераклро ба накўкорӣ, диловарӣ, фидокорӣ ва шуҷоату ҷавонмардӣ мехонд.
Фидойӣ буд Геракл дар ин роҳ. Искандар пайгири қаҳрамони накўкор Геракл шуданӣ буд, пайгири падар шуд: ҷанговар, лашкаркаш, хунхор. Ягона фарзанде, ки падарро монад.
«Аретэ!» Ёдаш меояд ин ҳарф аз достони устодаш Арасту ва зери лаб такрор мекунад: «Накўкорӣ, шуҷоат, ҷавонмардӣ!» ва баъд андар сари пурғазабаш гирд мегардад, ки Геракли исонафас мурдаро зинда гардонида, аз гиребони худойи марг Танат гирифту раҳо накард, то зинда гардонидани зани некў. Вале шоҳ Искандари Мақдунӣ ба куштан шод аст.
Шояд мурғони баднамо дар фазойи осмони кушод ва мағзи танги ў аз ин рў мағал кунанд...
Искандар боз қурбонӣ карданист ба номи худоён – Зевс ва Аммон ва қаҳрамон – Геракли шерафкан, аждаркуш, накўкору ҷавонмард. Вале дар саҳройи тафсону бекас гову гўсфанди ғаниматафтода нест, асбону ноқаҳойи саворфавтидаро қурбонӣ мекунад дар роҳи худоён. Ва ёд меорад дар радифи худоён Гераклу Ахиллу устодаш Арастуро, то монанд бошад ба онон. Вале боз монанд мешавад ба падар: тавонгар, пархошҷў, хунхор...
Хайма зад андар биёбони ҷонкоҳ ва ба андеша рафт, ки чаро шоҳзода ба чунин рўз афтода: ободон набувад, осудагӣ набошад; ҳама чиз ҳарому касиф, ноқису касир ва нозебу дилгир мисли лошахўрон. Гирд мегарданду гирд, хастагӣ надоранд ва шабҳангом, оне ки шоҳи шабрав рахти сафар мебандад, намебинад, ки онон куҷо мераванд, аммо пеши назараш гирд мегарданду гирд. Ва чун чашми рўз кафад андар фазойи нилгун мебинад онҳоро хол-хол чу доғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё