Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устод ҳанўз андеша мекард ва чӣ посух гуфтанро намедонист, модар ихтиёр аз даст дода буд, пешсухан шуд:
— Ту бисёр чизҳоро намедонӣ, Александр... Холи Олиёпатра
– Аттал ҳамроҳи падарзанаш Пармониёни корзордида ва ботаҷриба дар Осиёйи Сағир ба юнониёни зархарид сарварӣ мекунанд, то аз мақдуниён интиқом ситонанд. Ортабози порс, ки хоҳари Мемнони юнониро ба занӣ гирифтааст, дар хидмати шоҳаншоҳи Порс ҳастанд, Устод маро бубахшанд, юнониён низ чандон ба мақдуниён сидқ надоранд... Пас ту чӣ гуна метавонӣ ба ҷанги Порс биравӣ?
Искандар беқарор гашта буд, ки модар зудтар ҳарфашро анҷом диҳад ва чун Устод наздаш буд, натавонист ба рўйи модар давад, бар пошнайи пойи чап давр гашт, то ҷўши хун фурў нишинад, худдорӣ карда тавонад, ки сахт нагўяд модарро. Пас дарёфт, ки рафтораш тифлона аст, хиҷолат кашид:
— Устод, оташгирӣ омадед?
— Маро оварданд...
— Пас бинишинед, сари тахта...
Ва Олимпиада ҷонибдор шуда даъвати писарро, бинишастанд. Хидматгорони омода андар паси дар зуд ҳозир шуданд ва хону нон оварданд. Ба назар баҳси ҷанги Порс хотима ёфт. Вале Олимпиада дар андарун ғулғула дошт, сари забон меомад баҳси ҷанги Порс, худдорӣ мекард. Устод яқин медонист, ки Искандар боз ба ин мавзўъ бармегардад, хоҳиши ҳамроҳ ба ҷанг рафтанро мекунад, андеша дошт, то чӣ посух бигўяд.
— Ба ҷанги Порс меравем, Устод...
Устод як қад парид, ки чун аз андешайи ў огоҳ гашт шогирд.
Олимпиада низ як қад парид, ки писараш ҳарфи ўро рад карда, ҷанги Порсро «сафари Форс» номида буд, акнун рўшан мегўяд, ки «ба ҷанги Порс меравем».
— Оқибат ҷанги Порс? – ба чанд маънӣ суол кард Устод.
— Бале... чунон ки арз карда будам.
— Яъне, шумо пешакӣ нақшайи ҷангро кашидаед ва маро гўл мезанед? – ҷоми холиро пушти даст тела дода фармуд Олимпиада.
— Ғамӣ мабош, модар... Ин ҷанг ногузир аст.
— Чаро ногузир?
— Баройи Юнону юнониён, баройи Отини сўхта интиқом бояд гирифт.
— Агар Юнонро танҳо порсҳо хароб мекарданд, ҳарфи ту воҷиб буд. Афсўс ки Юнонро мақдуниён низ хароб карданд.

пешина
аз 390
навбатӣ