Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Бале... модари ман ва модари ту...
— Модари ман ва модари ту?
— Бале...
— Чӣ хел модари ман ва модари ту?
— Маро зод, туро бузург кард...
Гетерҳойи нозанин бо ҳама орову торо ва таровату нафосати ҷавонӣ назди ҷамоли Олимпиада моҳи хира метофтанд ва ноогоҳ аз ин савдо гирди шаҳбону мегаштанд хандон, ангуштзанону покўбон ва баъзан бо ду ангушт бари домони пираҳани сиёҳи хешро сабук дошта мехиромиданд назди ў, то аз ғазабаш дур бошанд ва хуш оянд «модашер»-ро. Аммо Олимпиада эътиборе намедод ба эшон ва пиндораш буд, ки гетерҳо баройи хуш омадан ба шоҳи ҷавону ёронаш ҳунар менамоянд. Ў қомати баландашро рост дошта нигоҳашро чунон равона карда буд, ки ба нўги пой менигарад, хеле ботамкин, ки бо Устод баҳс дошта бошад. Нигоҳи бонувонайи ў гувоҳ бар тухмайи баландаш буд. Бо ҳунари волойи хеш ақли Устод рабуд. Вале ҳанўз натафсида буд Устод. Пас аз лаҳзаҳойи зиёд гом мебардошт ва хаёле ҳаракат мекард чунон ки Офтоб гирди Замин. Вале эшон муҳаррик буданд чун Замин гирди Офтоб. Олимпиада наздиктар мешуд ба Устод чун ситораи Субҳ ва андаке пеш гузашта, аз сари китфи чапу рост пас нигашта рафтори Устодро медид ва нағмаҳо мекард, то ў бубинадаш.
Ҳайҳот! Устод гирифтор буд бо хаёли хеш ва банди офариниши мўъҷиза, ки ба ҷуз худаш касе намефаҳмид андешаҳойи ўро.
Фалсафа бор карданӣ мешуд ба ҳаракоташ. «Гардиш бояд кард.
Чун Замину Осмон гардиш доранд, ҳама мавҷудот бояд гардиш дошта бошанд. Дарсро низ бо гардиш бояд гузаронд...» аз дил мегузаронд устод ва якбора садо баровард: «Пе-ри-па-те-тик!» Ва ҳама гардиш карданд, ба ҷунбиш омаданд. Искандар ҳам. Гўйӣ як зарра аз хумор намонда андар вуҷуди ў. Намекалавад. Хумори чашмонаш низ рафъ шуда. Ду шохи шароб андар дастонаш ворид гашт ба арсайи ҳунар. Пеш омад, то як шохҷомро биспорад ба Устод. Вале Протей ўро боздошт:
— Нав қиём мекунад Устод...
Устод нав пойи рост гирди пойи чап гардонда буд, то ба ҷувозак гаштан омода бошад. Дастонаш низ аз ҳолати аввал гашта, бо ду бари гўшаш оринҷак боло шуда, баробари тори сар омада буданд.
Искандар бозистод чунин ҳолатро дида. Устод гўё ба ҳайкал ҷон ато карда бошад, гирди хеш гашт. Дастонаш аз ҳаракати тез дойира кашиданд ва нўги панҷаро андаке дарун майл дод ва дойира ба хуми азим монанд шуд ва ҳамин ки нўги ангуштон ба ҳам овард, куррайи арзро монд, ки бар фарқи одамӣ устувор карда бошанд. Зарбу зеру бами мусиқӣ чунон мувофиқ омада бо рақси ў, ки солиёни зиёд тамрин карда бошанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо