Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Искандар ба шавқ омад. Шохҳоро ба дасти Протея дод. Даст боло гирифт, андаке дуто кард қомат, пой кўфту пеш омад, то Устодро боздорад, ки сараш гашта наяфтад... Гирд гаштани Устод бо оҳанги мусиқӣ суст шуд ва ангуштонаш аз ҳам дур гашта ба холати аввал меомаданд.
Масти ҳунар гашта буд Устод, касеро, чизеро намедид. Омадани шоҳи ҷавонро ҳам пай набурд. Гумонаш Арзу Само мегардад, ҳама мегарданд ва андар ин олам шиштану хуфтан ҷой надорад, бояд гардиду даврид.
Танҳо як нафар – хоҳарзодаи Арасту – Коллисфени воқеанигору таърихофар ором буд ва ҳамаро мушоҳида мекард, вале дастонаш меларзиданд, ки ин ҳамаро нуқта ба нуқта нигошта тавонад ё на. Ба ҳар навъ кўшиш дошт ҳама ҳаракот, ишороту ҷузъиётро рўйи сафҳа орад. Шояд нишаста ҳама чизро зери назар гирифта наметавонист, ки бархосту паҳлўйи курсийи шоҳӣ баромад, ки як қади одам болотар буд аз фарш. Давоту пархома, коғази дарози зардрангро низ ҳамроҳ бурд, хуб метофтанд ҳамаю ҳамагон.
Коллисфени юнонӣ ҳама чизро айнан нигоштан мехост, то ба шоҳ хуш ояд. Аз ин рў ҳаяҷонаш зиёд буд ва дастонаш меларзиданд. Агар баройи баъзеҳо ҳамроҳи шоҳи ҷавонбахт ба ҷанги Порс рафтан бойиси ифтихор бошад, баройи ў нанг буд, зеро чун Арастуву Олимпиада билкулл намехост ҷангро. Шарт набуд, ки Коллисфени юнонӣ воқеанигори ҷанги Порс бошад. Нафрат дошт ба ҳама гуна ҷанг ва шояд хуб набарояд нигоришҳойи ў...
Ҳукми шоҳ воҷиб аст, сар кашидан нашояд, алалхусус ки Арасту тавсияаш кардааст.
Арасту чун тири ҷувози аз ҳаракат монда бозистод. Ва садойи оҳанги мусиқӣ низ чун овози сойиши сари тиру комайи каҷаккоса хомўш гашт. Сар миёни кафи дастон гирифт, ки чунин гиру дорҳо хушаш наомада.
Шоҳи ҷавонбахт пеш омад. Рў ба рў ду даст барниҳод бар дўши Устод. Арасту дастон аз сар нагирифта дергоҳ ноҷунбон истод ва ҳамон ки шогирдаш ўро ба оғўш кашид, даст аз сар раҳо кард ва Искандарро кашид ба бағал.
Садоҳо боло шуданд: «Шод бош, шоҳи ҷавонбахт!». «Зиндаву ҷовид бимон, Устоди беназир!»
Гетерҳо худро канор гирифта буданд. Олимпиада дар бари Устоду шогирд истода буд, ифтихор дошт аз чунин вохўрӣ.
«— Искандар ту дидӣ, ки чашмони ман пўшида буд. Ман андар фикру андеша будам. Гирд гаштани сайёраҳоро андеша доштам ва ба сар омад, ки бояд ба ту, баройи мамлакати ту ойинайи Ҷаҳоннамо бисозам», – бехи гўши шогирд фармуд Устод.
«— Чун?» – пурсид шогирд.
«— Дар Искандарийи Фаранг».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо